Кӯзаи равған

Китоб аз латифаву ҳикоятҳои ҳаҷвии халқӣ иборат аст, ки бобҳо ва мазмуни хандовар доранд. Дар онҳо зиракӣ ва ҳозирҷавобии қаҳрамонон тасвир ёфтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 23 саҳифа
Алмосро аз мурғи марҷон ёфтӣ ва аз чанги подшоҳ ҷастӣ — раҳоӣ ёфтӣ, дуюм бор дуздонро ба тарзи тасодуфӣ ёфтӣ, боз ҷастӣ — раҳоӣ ёфтӣ, акнун ин чизро наёфтию ба даст афтодӣ».
Аммо подшоҳ:
— Ёфтӣ, ёфтӣ! — гӯён муштасро кушод ва аз дасти ӯ малаҳ парида рафт.
Подшоҳ мувофиқи ваъдаи худ раммолро саррамоли худ кард ва зани ӯ фардои он рӯз ба ҳаммом рафта озодона даромад ва ба муроду мақсадаш расид.
ШӮРБОИ ХАРГӮШ
Касе аз саҳро барои Афандӣ як харгӯш тӯҳфа овард. Афандӣ ӯро дар хонааш як шаб меҳмон карда, бо миннатдории бисёре гусел намуд.
Аз байн ягон ҳафта гузашта буд, ки чор-панҷ каси дигар ба ҳавлии Афандӣ даромада омаданд. Афандӣ кӣ будани онҳоро пурсид:
— Мо ҳамсояи ошнои харгӯш овардаатон мебошем, — гуфтанд онҳо.
Афандӣ онҳоро ҳам як шаб бо шӯрбо зиёфат дода бароварда гусел кард.
Аз байн боз ду ҳафта гузашт, ки як рӯз понздаҳ кас якҷоя ба ҳавлии Афандӣ даромада омаданд. Афандӣ кӣ будани онҳоро пурсид, онҳо гуфтанд:
— Мо ҳамсояҳои ҳамсояи ошнои харгӯш овардаатон мебошем!
— Ҳай-ҳай, бисёр хуб, хуш омадетон! — гӯён ҳамаашонро ба меҳмонхона дароварда шинонд ва ба пеши онҳо як тагораи калон лаб-лаб оби софи хунук бароварда монд. Онҳо ҳайрон шуда пурсиданд.
— Эй ҷаноби Афандӣ, ин чӣ гуна таом аст?
Афандӣ ҷавоб дод:
— Ин шӯрбои шӯрбои шӯрбои ҳамон харгӯш аст, ки ошнои мо оварда буданд...
МУНАҶҶИМОНИ РОСТГӮЙ
Подшоҳе ба мунаҷҷим бисёр эътиқод дошт, ҳеҷ кори худро бе маслиҳати аҳли нуҷум намекард ва мунаҷҷимонро ҳамеша дар даруни нозу неъмат нигоҳ медошт.
Ширинкори фақире бо модари худ ба пеши ҳамин подшоҳ омада арз кард, ки:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё