Сад дармони дардҳои шумо

Китоб оид ба роҳҳои табобат ва дармон бахшидан ба бемориҳои гуногун маълумот медиҳад. Дар он тавсияҳои муфид барои саломатӣ ва табобати мардумӣ пешниҳод шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 69 саҳифа
Панҷум нопокӣ аз ҳайз бошад.
Шашум аз макру ҷоду бошад.
Ҳафтум раҳм (бачадон) ноболиғ бошад.
Ҳаштум найчаҳои раҳм (аз ифлосиҳо) маҳкам бошад.
Нӯҳум маҳбал (узви занона) пардаи ракт дошта бошад.
Дахум мувофиқат накардани ҷинсҳо (хешони наздики ҳамхун).
Ҳар кадоме аломатҳо дорад:
-
Агар аз бод бошад, вақти ҷимоъ сари ӯ дард мекунад. Давои ӯ ин аст, ки заҳраи модагови сиёҳ ва заҳраи мурғи сиёҳ ва заҳраи зоғи сиёҳ ва заҳраи мурғи обӣ ҳамаро ҷамъ карда, се рӯз шофа кунед, яъне бардоред, баъдан шавҳар ҷимоъ кунад. Худо хоҳад бор гирад.
-
Агар зардоб гирифтааст, вақти ҷимоъ яқин паҳлуй ӯ дард кунад ва пушти (зан) дард кунад, бояд, ки ҳалила ва балила ва (бо ҷамъи арабӣ ҷамъ карда), тартиб дода, се рӯз бардорад, баъдан шавҳараш ҷимоъ кунад. Худо хоҳад бор гирад.
-
Агар ӯро гӯшт гирифта бошад, вақти ҷимоъ миёни (зан) дард кунад. Давои он аст, ки заҳраи каргас ва заҳраи зоғи сиёҳ ва қаланфул ҷамъ карда, се рӯз бардорад. Худо хоҳад бор гирад.
-
Агар раҳмдон гашта бошад, шаҳватро гардонад. Даво ин аст, заҳраи гунҷишк ва заҳраи зоғи сиёҳ ва заҳраи рӯбоҳро бо ҳам омехта, се рӯз бардорад, ҳамон ҳолат дафъ шавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё