Зеҳн
Сад дармони дардҳои шумо

Китоб оид ба роҳҳои табобат ва дармон бахшидан ба бемориҳои гуногун маълумот медиҳад. Дар он тавсияҳои муфид барои саломатӣ ва табобати мардумӣ пешниҳод шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 69 саҳифа

ТибСаломатӣ
Аз аввал хондан
  1. Саноро дар сирко биҷӯшонед, ба ҳадде, ки қивом (қиём) ҳосил шавад, баъд ба мӯйи сар гузошта бандед, иншоаллоҳ мӯйро аз рехтан нигоҳ медорад.

  2. Гули садбарги сафедро бо ҳино якҷоя кӯфта, ба сар бандед, мӯйҳоро бақувват мекунад.

  3. Решаи кунҷидро дар об ҷӯшонда, бо он об сарро бишӯянд, мӯйро дароз ва сиёҳ мекунад.

  4. Барги лаблабуро бо ҳино якҷоя кӯфта, ба сар банданд, мӯйро мерӯёнад.

  5. Ҳафт дона мағзи бодоми талхакро аз пӯсташ ҷудо карда, дар ним пиёла об онро дуру дароз ҷӯшонда, баъд сарро бишӯянд, мӯйро дароз мекунад. (Инро дар таҷрибаи корӣ борҳо исбот кардаам).

  6. Ҳулбаро куфта, орд карда, бо равғани зайтуни шириннакарда, 30 шаб паи ҳам дар сари бемӯй бастан лозим аст. Иншоаллоҳ аз нав мӯйи тоза мебарорад, ки ин давои санҷидашуда мебошад, чандин одамони бемӯй шифо ёфтаанд.

  7. Ҷавонони аз 40-сола поён агар мӯйсарашон сафед шуда бошад, зиёда аз 2-3 моҳ муҳалласро ҷой карда, гармогарм нӯшанд, иншоаллоҳ мӯяшон аз нав сиёҳ мешавад. Ин таҷрибаро борҳо исбот намудаам.

пешина
аз 69
навбатӣ