Сад дармони дардҳои шумо

Китоб оид ба роҳҳои табобат ва дармон бахшидан ба бемориҳои гуногун маълумот медиҳад. Дар он тавсияҳои муфид барои саломатӣ ва табобати мардумӣ пешниҳод шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 69 саҳифа
ТАРЗ ВА УСУЛИ ТАБОБАТИ ҒАДУДҲО
- Парҳез: аз тезӣ, шӯрӣ, бирёнӣ, донагӣ, гӯшти моли нар (буқа, кӯчкор, така) ва ғайраҳо.
Ғадудҳо ва омосҳо дар пистон, бачадон, гардан, меъда, рӯда, сутунмуҳра, мағзи сар, закар ва дигар узвҳои бадан пайдо мешавад. Бисёре аз ин ғадудҳо аз беаҳмиятӣ ва дар вақташ табобат накардан ба саратон табдил меёбад. Варами сохти моил ба тирагӣ, гирдшакл, ки дар атрофаш рангҳои сурху сабз падид меояд — саратон мемонад. Моддаи он савдои сӯхта аст.
Тарз ва усули табобати ғадудҳо
-
Орди ҷав 2 ё 3 қошук, анҷири хушкро як пиёла дар об меҷӯшонад, бо 2 қошукча хокаи қаламфури ҳиндӣ (гвоздика) + 2 қошукча орди алпамодиён, 2 қошукча хоки донаи зағир, 2 қошукча хокаи гули хайрӣ ва 2 ё 3 қошук сиркои 6% ангурӣ ё себӣ омехта карда, рӯзе 3 бор як қошукча менӯшад ва баъди он пешоби кӯдак ҳамроҳ карда, дар ғадуду омосҳо мебандад.
-
Қиёми ширбияро рӯзе 3 бор миқдори як нахуд мехӯрад ва об карда мемолад.
-
Ду қошук татумро дар 0,5 литр оби ҷӯшомада дам дода, рӯзе 3 бор 150 грамм менӯшад.
-
Чилмоангӯштакро майда карда, рӯзе 3 бор 30 грамм мехӯрад.
-
Кучаларо истеъмол кунад, ба кулли дардҳо даво мебошад.
-
Кучала давои беҳтарин мебошад, лекин заҳролуд аст, бинобар ҳамин бо тавсияи табиб истифода баред, нуран алонур мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё