Сад дармони дардҳои шумо

Китоб оид ба роҳҳои табобат ва дармон бахшидан ба бемориҳои гуногун маълумот медиҳад. Дар он тавсияҳои муфид барои саломатӣ ва табобати мардумӣ пешниҳод шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 69 саҳифа
Вале дар зиндагӣ озор дидам,
Зи номардон ҷафо бисёр дидам.
Гулистон хор дорад, эй дареғо,
Ба хилват мор дорад, эй дареғо.
Аз ин рӯ, бо аламҳо чун шикоят,
Зи «Дарду доғҳо» кардам ҳикоят.
Ҳар он чӣ менависам, бесамар нест,
Зи боби авлиё, он беназар нест.
Зи он пас навиштам «Шаҳди шифо»,
Ки ҳар дардеро гардад низ даво.
Зи таҷрибаи чандинсолаам,
Баён кардам дар ин рисолаам.
Адибе бигзарад, монад китобаш,
Ниҳад дар сафҳаҳо кори савобаш.
Ба ту, хонанда низ, эй ёри ҷонӣ,
Ба ҷону дил бихоҳам некномӣ.
Ба бӯстони маъонӣ ҳамчу гул бош,
Биё, боре миёни аҳли кул бош.
Гаҳе ёд оварӣ ту аҳли кулро,
Мабар аз ёди худ Маҳмадрасулро.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё