Сад дармони дардҳои шумо

Китоб оид ба роҳҳои табобат ва дармон бахшидан ба бемориҳои гуногун маълумот медиҳад. Дар он тавсияҳои муфид барои саломатӣ ва табобати мардумӣ пешниҳод шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 69 саҳифа
САРСУХАН
Банда, аз соли 2000-ум инҷониб, роҷеъ ба ҳаёту фаъолияти бобоям – ориф, табиби машҳур ва олими ҳамадони тавоно Мавлавӣ Муҳаммадсолеҳи Сурҳиёнӣ мавод гирд оварда, тадқиқотҳои илмӣ анҷом медиҳам. Аз соли 2001-ум сар карда, дар ҳафтаномаҳои «Оила», «Муҳаббат ва оила», «Ёрии таъҷилӣ – 03», маҷллаҳои «Даво», «Тибби Бӯалӣ» ва ғайраҳо, мақолау тавсияҳои илмию тиббиямро нашр менамоям. Давоми фаъолияти 25-сола бо мададу раҳмати Худованди мушкилкушо дар табобати бемориҳои ғадудҳои ширӣ, гардан, асаб, пӯст, узвҳои дохила, бешаҳватию безурётӣ то ҷое муваффақ гаштаам, ки бо иддае шукри Худои покро аз беморони шифоёфта ба тавассути матбуот, хусусан, ҳафтаномаҳои «Ёрии таъҷилӣ – 03», «Оила», «Муҳаббат ва оила», маҷллаҳои «Даво», «Тибби Бӯалӣ» изҳори миннатдорӣ намудаанд, банда ба ҳар як саволу дархости маризон мувофиқ ба тавоноиям посух гуфтам.
Агар шахсе бо мадади Худованд аз табобатҳои фармудаам шифо ёфта бошад, худро аз хушбахтарин бандаи даргоҳи Ҳақ субҳонаҳу ва таъоло меҳисобам. Чунон ки Аллоҳ таъоло гуфтааст: «Ҳар беҳтарин одамиён он аст, ки касе

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё