Зеҳн
Гули хандон

Китоб аз ҳикоя ва фелетонҳои ҳаҷвии нависанда Самад Ғанӣ иборат мебошад. Мазмуни асосии ҳикояҳо аз танқиди тезу тунди холабеғамон, хурофотчиён ва фиребгарон иборат аст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 144 саҳифа

ҲикояҶомеа
Аз аввал хондан

— Дар колхози мо, одатан, занҳо кор мекунанд. Кадом вақте ки хонадор шавам, занам ба саҳро мебарояд.

ТО КИ РАВШАНИАШ ЗУД ТАМОМ НАШАВАД

Рӯзе Мушфиқӣ аз бозор чароғ харида овардааст ва атрофи шишаи чароғро коғазпеч карда, танҳо тарафи худашро кушода мондааст.

Занаш бо тааҷҷуб пурсидааст:

— Барои чӣ тарафи моро торик кардед?

Мушфиқӣ гуфтааст:

— То ки равшаниаш зуд тамом нашавад!

БА САЙРИ ХАРБУЗА

Шабона Мушфиқӣ кордеро ба зери болишт гузошта хобидааст.

— Барои чӣ ин тавр мекунед, магар дар хобатон метарсед? — пурсидааст занаш.

— Шаби гузашта дар хобам ба сайри харбуза баромада, барои буридани харбуза корде наёфтам. Мабодо имшаб боз ба сайри харбуза равам, овора нашавам, мегӯям.

НИСФАШ ҲАҚИҚАТ

Мушфиқӣ пагоҳӣ аз ҷои хоб хеста, фавран ба кисааш даст андохт ва пас хандида, ба занаш гуфт:

— Имшаб як хоб дидаам, ки нисфаш рост асту нисфаш не.

— Аҷабо, чӣ хел хоб будааст? — пурсид занаш.

— Хоб дидаам, ки як халта тангаи нуқраро пуштора карда мебараму аз вазни он камарам дард мекунад. Бедор шуда дидам, халтаи пул несту аммо миёнам дард мекунад!

пешина
аз 144
навбатӣ