Зеҳн
Гули хандон

Китоб аз ҳикоя ва фелетонҳои ҳаҷвии нависанда Самад Ғанӣ иборат мебошад. Мазмуни асосии ҳикояҳо аз танқиди тезу тунди холабеғамон, хурофотчиён ва фиребгарон иборат аст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 144 саҳифа

ҶомеаҲикоя
Аз аввал хондан

ДАР ЯК ОШХОНА

— Мегӯянд, ки одатан 5—6 соли умри одам дар таомхӯрӣ мегузарад.

— Эй писарам,— гуфт шахси ҳозирҷавобе қадаммонӣ ва кафгирзании ошпазҳоро нишон дода,— агар дар ин ошхона бошад, нисфи умр ҳам мегузарад!

«ЧӮҶА МЕХОБОНЕМ»

Писари як мудири фермаи мурғпарварӣ, ки тухмҳоро ба сатил андохта мекашонд, ба падараш муроҷиат кард:

— Дадо, чаро тухмҳои фермаро ба хона мебаред?

— Эй содда,— гуфт падараш, дар шикамамон чӯҷа мехобонем.

ДОРУИ ХОБ

Ҳамшираи тиббӣ шабона дар айни хоби ширин беморро бедор кард:

— Ҳой, хобатон сахт бурдагӣ-мӣ?

— Ҳа, чӣ буд?

— Доруи хоб доданӣ будам.

ҲАМСОЯБОЗӢ

Як писарчаву духтарча кафгиру қошуқро ба сари якдигар зада, талош ва мағали бисёре мекарданд.

— Ин чӣ моҷаро?— пурсид модарашон.

— Модарҷон, бозӣ карда истодаем.

— Чӣ хел бозӣ?

— Ҳамсоябозӣ.

пешина
аз 144
навбатӣ