Гули хандон

Китоб аз ҳикоя ва фелетонҳои ҳаҷвии нависанда Самад Ғанӣ иборат мебошад. Мазмуни асосии ҳикояҳо аз танқиди тезу тунди холабеғамон, хурофотчиён ва фиребгарон иборат аст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 144 саҳифа
— Арвоҳ? — гуфт зан ва ваҳму ҳарос ба дили ларзони ӯ боз ҳамла овард.
Як ҳайкали сафеди дарозе, ки дар лаби бом меистод, дасти худро ба сӯи осмон дароз карда гуфт:
— Ман арвоҳ... арвоҳи ноумед.
— Аз мо чӣ гуноҳ гузашт, ки Худо ба ғазабаш гирифта, туро дар ин шаби воҳиманок ба сари мо фиристод?
— Гуноҳи ману ту барин бандаҳои осӣ!
— Вой гӯри ман шавам, наход барои гуноҳҳои ман ҳам шумо азоб кашеду дар он дунё бесаранҷом шавед?
— Азоб ҳам гап-мӣ?
— Эй тезтар гап занед: чӣ кор кунам?.. Ба мазорҳо хайр кунам, нӯкча гиронам, деги дарвешон монам.
— Не, хайру саховат акнун фоидае намебахшад.
— Пас чӣ илоҷ?
— Гӯш кун, гуфта медиҳам. Имрӯз баъди пурсиш ва қину қасоси зиёде пурсандаҳо монда шуда, ба ман ало-ало нигоҳ карданд-у гузашта рафтанд. Ман деворро дошта, ба зӯр аз ҷой хестаму оҳиста-оҳиста ба берун баромаданӣ шудам. Дар ин лаҳза, як малоикаи қоматбаланди бадҳайбат, ки посбони дари лаҳад буд, маро нигоҳ дошта гуфт:
— То ба кай азоб кашида хоб мекунӣ?..
— Чӣ чора? Аз дасти ман чӣ кор меояд? — гуфта пурсидам.
Вай қоҳ-қоҳзанон хандиду гуфт:
— Барои ҳамин «Ҷони нодон дар азоб» мегуфтаанд-дия?
Малоика инро гуфту аз дасти ман дошта ба берун баровард. Эҳе, замин кафида одам баромадааст. Ҳа-

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё