Гули хандон

Китоб аз ҳикоя ва фелетонҳои ҳаҷвии нависанда Самад Ғанӣ иборат мебошад. Мазмуни асосии ҳикояҳо аз танқиди тезу тунди холабеғамон, хурофотчиён ва фиребгарон иборат аст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 144 саҳифа
расида, панҷаҳояш суст шуданд. Мушти дуюми мадори эшонро хушк карда, дасти пурзӯре аз гулӯи эшон сахт кашола кард.
— Дастатро каш, ҳаромӣ! — садои марде баланд шуд.
Эшон бо тарсу ваҳм қомат рост кард ва ҳангоме ки рӯймол аз сар афтод, вай шавҳари Ҷамила — Мансурро дар рӯ ба рӯи худ дид, ки дар дасти ӯ корде медурахшид. Дасту пои эшон дир-дир ларзид ва ӯ ба зону афтода:
— Ман, ман... — гуфт ӯ сухан ёфта натавониста, — феъли шайтон, васвасаи шайтон... худи ин заифа маро чеғ зад... «ҳушт» гуфт.
— Эй каззоб, эшони хиёнаткор! — гуфт Мансур рӯймолро аз сараш дур карда.
Эшон ана акнун равшан дид, ки дар рӯ ба рӯи вай Ҷамила не, балки шавҳари ӯ бо либоси занона истодааст.
— Мансурҷон, балота гирам, ғуломат шавам, ҳар чизе ки хоҳӣ, аз ман бигир, шарманда накун... Изои мӯъмин ҳаром, гуфтаанд.
— Ту қиёфаи одамгариро гум кардаӣ! Акнун тақдири ту дар дасти ман!
— Гуноҳи маро бахш. Тавба кардам, бад кардам. Дуи дубора ин номаъқулиро намекунам.
— Не, ман ҳозир саллаатро ба гарданат баста, ба кӯча мебарорам ва расвои олам мекунам!
Эшон таваллою зорӣ кард, ба таги пои Мансурҷон сар монд ва ваъда дод, ки ҳар чизе ки фармояд, мекунад.
Баъд аз илтиҷои зиёд Мансурҷон 7—8 кундаи калонро бароварда, амр кард, ки то бегоҳ кафонад. Эшон

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё