Зеҳн
Гули хандон

Китоб аз ҳикоя ва фелетонҳои ҳаҷвии нависанда Самад Ғанӣ иборат мебошад. Мазмуни асосии ҳикояҳо аз танқиди тезу тунди холабеғамон, хурофотчиён ва фиребгарон иборат аст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 144 саҳифа

ҶомеаҲикоя
Аз аввал хондан

— Хӯш, модоме ки аҳвол чунин аст, гуфтам ман, чаро идораҳои дахлдор дар ҳаққи ӯ чизе намегӯянд?

— Ҳама гап дар болои ҳамин-дия. То имрӯз Куку-и мо деҳа ба деҳа, шаҳр ба шаҳр парида мегашт. Шояд рӯзе тақдири «малахак» насиби вай ҳам шавад. Яъне, як бор ҷастӣ малахак, ду бор ҷастӣ малахак, охир ба дасти малахак.

Бо ҳамин сӯҳбати мо бурида шуда, ҳар ду хайру маъзур кардем. Аз байн чанд ҳафта гузашт. Рӯзе аз газета фаҳмидам, ки дар ҳақиқат Мансурхоҷаи Куку-ро тақдири «малахак» насиб шудааст.

пешина
аз 144
навбатӣ