Зеҳн
Гули хандон

Китоб аз ҳикоя ва фелетонҳои ҳаҷвии нависанда Самад Ғанӣ иборат мебошад. Мазмуни асосии ҳикояҳо аз танқиди тезу тунди холабеғамон, хурофотчиён ва фиребгарон иборат аст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 144 саҳифа

ҲикояҶомеа
Аз аввал хондан

Чор нишонро мезананд. Ин тадбирро дар амал ҷорӣ намуданд ва дар оқибат ҳазорҳо бех ниҳол хайру маъзурро насия гузошта, аз олам бемаҳал чашм пӯшид. Қобилов акнун кӯшиш карда истодааст, ки усули мазкурро дар дигар участкаҳо низ ҷорӣ намояд.

Дигар бригадаҳои колхоз ҳам дар кашолкорӣ аз инҳо қафо мондан намехоҳанд. Масалан, сардори бригада Турғунбой тақдири пахтазорро ба арвоҳи аҷдодонаш ҳавола карда, худ дар бозорҳо сабзавотфӯрӯшӣ карда, ғами пур кардани ҳамёнро мехӯрад. Дар аксари бригадаҳои колхоз зиёда аз нисфи колхозчиён ҳафтае ҳафт рӯз ё бо баҳонаи тӯй ё ҳашару зиёфат ба кор намебароянд. Онҳо мехоҳанд, ки дар сояи давлати колхоз шаш рӯз кор накарда як рӯз истироҳат кунанд ва ба усули шалғамбаркаш ҳақ гиранд.

«ТО РЕША ДАР ОБ АСТ...»

Дар ноҳия ягон сардори звено, бригада ё агрономи пахтакор нест, ки чӣ гуна махлуқ будани канаи тортанак ва ба чӣ вайронкорӣҳо қобил будани онро батафсил нақл карда надиҳад. Аз даҳонатон савол баромаданабаромада, онҳо дарҳол бо сӯзу гудоз гуфта медиҳанд, ки тортанаккана хавфноктарин офати пахта аст.

— Балои ногаҳонӣ аст тортанаккана,— мегӯянд агрономҳо ва аксаран бо ҳамин қаноат карда, даст ба бағал зада менишинанд.

Тортанаккана бошад, аз ҳиммати онҳо мамнун шуда, шираи пахтазорро макида, ниҳолҳоро хушк карда истодааст. Аммо роҳбарон ҷасоратро аз даст надо-

пешина
аз 144
навбатӣ