Гули хандон

Китоб аз ҳикоя ва фелетонҳои ҳаҷвии нависанда Самад Ғанӣ иборат мебошад. Мазмуни асосии ҳикояҳо аз танқиди тезу тунди холабеғамон, хурофотчиён ва фиребгарон иборат аст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 144 саҳифа
«МУСАЛЛАС БАР САР»
Яке домуллои тақводор ба шогирдони худ таъин карда буд, ки ҳар вақте ки ман ба шумоён ягон чиз фармояму дар назди ман одами бегона бошад, ҳарфи аввали ҳамон чизро гиред, кифоя. Масалан, ош бошад, «о» бар сарро овардам», бодиринг бошад, «бе бар сарро куҷо монам?» — гӯед.
Рӯзе домулло ба як шогирди боғнишинаш мусаллас фармуд. Шогирд дар рӯзи дигар мусалласро оварда дид, ки домулло машғули дарс буда, дар атрофи ӯ одамони бисёре ҷамъ омадаанд. Шогирд таълими домуллоро ба хотир оварда, бо тавозеъ гуфт:
— Ҳазрати домулло, мусаллас бар сари таъин кардаатонро, ки овардаам, дар куҷо монам?
«ОЁ ҚАССОВ ҲАМ БО ГОВ ҶӮРА МЕШАВАД?»
Фузайил ном касе буд, ки мувофиқи афъолаш ба ӯ «гов» лақаб дода, ҳамеша «Фузайили гов» гуфта ҷеғ мезаданд.
Рӯзе аз рӯзҳо якчанд нафар ба сайри боғ мерафтанд. Дар ин дам «Фузайили гов» аз ҷамоат канда шуда, хеле дер монд ва дигарон ба ӯ чандин муддат интизорӣ кашиданд. Фузайил баъд аз соате расида омад. Улфатҳояш аз ӯ пурсиданд:
— Барои чӣ ин қадар дер мондед?
— Дар роҳ як қассоб ҷӯраамро дида, гап-гап кардам.
— Аҷаб кори ғалатӣ, — гуфт яке, — оё қассоб ҳам бо гов ҷӯра мешавад?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё