Зеҳн
Гули хандон

Китоб аз ҳикоя ва фелетонҳои ҳаҷвии нависанда Самад Ғанӣ иборат мебошад. Мазмуни асосии ҳикояҳо аз танқиди тезу тунди холабеғамон, хурофотчиён ва фиребгарон иборат аст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 144 саҳифа

ҶомеаҲикоя
Аз аввал хондан

«НАМЕТАВОНАМ»

— Духтарам, хӯрокро хӯрдӣ, косаву табақҳоро шӯй.

— Наметавонам. Мо ҳанӯз ин дарсро нагузаштаем.

МЕҲМОН ОМАДА ИСТОДААСТ

Мурғу хурӯсҳо мошинаеро дида, якбора ба болои дарахт баромаданд. Мурғобӣ аз ин ҳолат дар ҳайрат монда пурсид:

— Чӣ шуд, ки рӯзона ҳамаатон ба болои дарахт баромада гирифтед?

— Намебинӣ, ки ба хонаи раис меҳмон омада истодааст?

«АНДАКЕ САБР КУНЕД»

— Стансияи электрикии қишлоқи шумо дар куҷост?

— Андаке сабр кунед, моҳ барояд, нишон медиҳам.

БӮИ СОБУН

— Аз хӯрок бӯи собун меояд, — шикоят карданд хӯрандаҳо.

— Ошхонаи мо як сол боз рӯи собунро надидаасту шумо чӣ сафсата гуфта истодед! — ҷавоб дод ходима.

«УШТУР БАРОЯД?»

— Ҳой, ошпаз амак, аз даруни шӯрбо пашша баромад, — даъво кард шахсе.

— Ҳа, ба се сӯм пулатон уштур барояд?!

пешина
аз 144
навбатӣ