Хандаҳои шух

Ин китобча маҷмӯаи латифаҳои кӯтоҳу хандовар дар мавзӯъҳои гуногун, аз ҷумла муносибатҳои оилавӣ ва мактабӣ мебошад. Латифаҳо ба хонандагон лаҳзаҳои хушу фароғат мебахшанд.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 43 саҳифа
ШУМО ҲАМ БА ДАРС НАМЕОЕД
Шогирде ду рӯз ба дарс наомад. Рӯзи сеюм муаллим аз ӯ сабаб пурсид:
-
Парерӯз модарам либосамро шуста буданд, - ҷавоб дод шогирд.
-
Пас, дирӯз барои чӣ наомадӣ?
-
Дидам, ки шумо либосҳоятонро шуста, дар тори ҳавлиатон овезон кардед.
МУАЛЛИМ ҶАВОБИ МАРО НАФАҲМИД
-
Боз баҳои «2» гирифтӣ? Магар саволи муаллимро нафаҳмидӣ? - пурсид падар.
-
Не, муаллим ҷавоби маро нафаҳмид, - ҷавоб дод писар.
ҶАМЪАШ «4» МЕШАВАД
Карим хурсанд назди падараш омаду гуфт:
-
Медонед дада, ман имрӯз баҳои «4» гирифтам.
-
Аз кадом фан, ҷони дада?
-
Аз химия «1», аз физика «1», аз табиатшиносӣ «1», аз таърих ҳам «1», ки ҷамъаш «4» мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё