Зеҳн
Хандаҳои шух

Ин китобча маҷмӯаи латифаҳои кӯтоҳу хандовар дар мавзӯъҳои гуногун, аз ҷумла муносибатҳои оилавӣ ва мактабӣ мебошад. Латифаҳо ба хонандагон лаҳзаҳои хушу фароғат мебахшанд.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 43 саҳифа

Латифа
Аз аввал хондан

– Бобоҷон, ин бузро ба куҷо мебаред?

– Ба назди қассоб, – ҷавоб дод пирамард.

– Ҳеҷ гап набудааст-ку, мо гумон кардем, ки шумо онро ба мактаби мо мебурда бошед, – гуфтанд бачаҳо.

ТУ ҲАМ ОН ҶО БУДӢ

– Оча, имшаб ман як хоб дидам.

– Чӣ хоб дидӣ, бачам?

– Ман нағз гуфта наметавонам, худат гап зан.

– Хобро ту мебинӣю ман гап занам?

– Охир ту ҳам он ҷо будӣ-ку?

ОРЗУ

Рӯзе Шариф аз фанни таърих вазифаи хонагиро тайёр мекард. Дар ин миён ҳамсолонаш дар кӯча бозӣ доштанд. Вақте Шариф онҳоро аз тиреза дид, як оҳи чуқур кашида, ба худ гуфт:

– Кошкӣ, дар асри XVI таваллуд мешудам.

Модараш, ки андаке аз Шариф дуртар бо коре машғул буд, гапи писарашро шунида, пурсид:

– Чаро мехоҳӣ, ки дар асри XVI таваллуд шуда бошӣ?

Шариф гуфт:

– Агар ҳамин тавр мешуд, ман таърихи асри XVI-ро нахонда, ба кӯча баромада, дигарҳо барин бозӣ мекардам.

пешина
аз 43
навбатӣ