Зеҳн
Хандаҳои шух

Ин китобча маҷмӯаи латифаҳои кӯтоҳу хандовар дар мавзӯъҳои гуногун, аз ҷумла муносибатҳои оилавӣ ва мактабӣ мебошад. Латифаҳо ба хонандагон лаҳзаҳои хушу фароғат мебахшанд.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 43 саҳифа

Латифа
Аз аввал хондан

ХОНАИ БЕҲАМАЧИЗ

Падаре, ки хеле бенаво буд, бо писараш аз кӯча мегузашт. Дар кӯча онҳо бо ҷамъияте бархӯрданд, ки дунболи як тобут афтода, мурдаеро ба қабристон мебурданд. Як нафар аз соҳибони азо фарёду фиғон мекард ва мегуфт:

— Туро ба ҷое хоҳанд бурд, ки имшаб дар он ҷо не нон асту не об асту не фарш асту не чароғ, не болину не бистар, не анису не мунис ва не парастор.

Писар рӯ ба падар карда гуфт:

— Оё ӯро ба хонаи мо хоҳанд бурд?

МУЛЛО НАСРИДДИН ВА БАЧАҲО

Рӯзе чанд бача дар хиёбон мегаштанд. Чун чашмашон ба Мулло Насриддин афтод, ба фикр афтоданд: коре кунанд, ки кафшҳои вайро бирабоянд. Пас ба назди дарахти бузурге омада, гуфтанд:

— Ҳеҷ кас наметавонад ба ин дарахт барояд.

Мулло гуфт:

— Ин кори мушкиле нест, ман метавонам бароям.

Бачаҳо гуфтанд:

— Сухану амал хеле фарқ доранд. Агар рост мегӯӣ, баро. Мулло кафши худро кашида, ба даст гирифт ва сӯи дарахт рафт. Бачаҳо пурсиданд:

— Чаро кафшатро ҳамроҳ мегирӣ?

Гуфт:

— Шояд аз болои дарахт ба он тараф ҳам роҳ бошад.

пешина
аз 43
навбатӣ