Афсонаҳои халқи тоҷик

Ин китоб маҷмӯи афсонаҳо ва ҳикоятҳои халқи тоҷик буда, панду ахлоқ ва ҳикоятҳои халқиро дар бар мегирад. Дар он сагу гурба, одамони ҳасуд ва воқеаҳои гуногуни тарбиявӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 135 саҳифа
АфсонаҲикоя
АҶАЛИ ҲИРСУ ҲАСУД
Буд-набуд, ду ҳамсоя буд. Ба ҳам дӯст буданд он ду ҳамсоя. Баъд кори як ҳамсоя омад кард. Одами зираку кордону бағайрат, ки буд, пул меёфт, чизу чора харида, боғ обод кард, иморатҳои баланду зебои хишткорию чӯбкорию пур аз нақшу нигор сохт! Мардум медиданду ҳавасашон меомад.
- Ана зисту зиндагонию ана чоҳу ҷалол! - мегуфтанд мардум.
Ҳамсоя рашк кард, сабру тоқат гум кард, намедонист чӣ кор кунад. Ҳар бор, ки ҳавлии ободу тоза, боғу гулзор, айвонҳои баланд, қаторсутунҳои кандакориро медид, мисли мӯе дар оташ ба худ мепечиду мепечид.
Рӯзе ба ғуломаш гуфт: - Пагоҳ дар хонаи ҳамсоя маърака, туро ба хизмат даъват мекунанд. Як кор карда, корди ҳамсояро дузд, ки ба ман бисёр даркор. Ман ба ивази ин хизматат туро хурсанд мекунам.
- Охир ин чӣ хел мешудааст, ки ман чизи ҳамсояро медуздидаам, ман ин хел одат надорам! Худатон ба ман гуфтаед, ки «дуздӣ - гуноҳ» гуфт ғулом.
Хӯҷаинаш гуфт: - Ту ғуломи зархариди ман, амри ман ба ту воҷиб. Ман туро ба дуздӣ маҷбур карда истодаам, гуноҳат ба гардани ман.
Ғулом ноилоч монд ва амри хӯҷаинашро ба ҷо овард.
Чанд рӯз гузашту хӯҷаин боз ғуломашро ба пешаш ҷег зада гуфт: - Ту мехоҳӣ озод бошӣ?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё