Афсонаҳои халқи тоҷик

Ин китоб маҷмӯи афсонаҳо ва ҳикоятҳои халқи тоҷик буда, панду ахлоқ ва ҳикоятҳои халқиро дар бар мегирад. Дар он сагу гурба, одамони ҳасуд ва воқеаҳои гуногуни тарбиявӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 135 саҳифа
- Кадом ғулом намехоҳад, озод бошад! — гуфт ғулом.
- Ту мехоҳӣ соҳиби хонаю ҷой бошӣ? — боз пурсид хӯҷаин.
- Барои ғулом аз ин орзу зӯртар орзуе нест! — гуфт ғулом.
- Ту мехоҳӣ зани зебое дошта бошӣ? — боз пурсид хӯҷаин.
- Ман шӯхӣ намекунам, — илова кард ӯ, ба ҳамаи ин соҳиб мешавӣ агар ба гапи ман дароию фармудаи маро иҷро кунӣ.
Ҳамин саҳар бо корди ҳамсоя маро мекутию мурдаамро ба кунҷи ҳавлии ӯ бурда мепартой. Баъд шӯру ғавғо бардошта, мегӯӣ, ки ҳамсоя ба хӯҷаинам хусумат дошт, ҳамин саҳар ҷег зада ба ҳавлиаш бурду кушта партофт. Он тарафаш чӣ мешавад худат медонӣ. Ман кушта мешавам, ҳар чи дорам, ба ту мемонад.
Ғулом розӣ нашуд, зорӣ кард, илтиҷо кард, хӯҷаинаш ба гапи худ истоду ба ӯ таҳдид карда гуфт:
- Агар ба гапи ман надарӣ, ман худам туро бо дасти худам мекушам.
Ғуломро чорае набуд. Гуфтаи хӯҷаинашро кард. Пагоҳӣ мурдаи ӯро дар кунҷи ҳавлии ҳамсоя ёфтанд. Ғулом доду фарёд бардошта, гуфт, ки ҳамсоя ба хӯҷаинаш қасд дошт, гапашон гурехта буд, интиқом гирифт.
Хуллас ба ӯ бовар карданду ҳамсояро дошта, бурда ба зиндон партофтанд.
Ғулом озод шуд, зану ҳавлӣ ва хонаи хӯҷаинашро соҳибӣ кард. Худо ба ӯ озодӣ доду молу мулку зани озодаи зебо, вале оромӣ надод: лаҳзае набуд, ки ҳамсояаш аз ёдаш равад. Фикри он, ки марди бечора бе ҳеҷ гуноҳе бадном шуду гунаҳкор ва ҳоло дар кунҷи зиндон азоби гӯрро мекашад.
Ҳеҷ набуд, ки ғулом худро осуда ҳис кунаду азоб накашад.
Рӯз аз рӯз тоқатшикан мешуд ин азоб ва як рӯз ӯ худро дигар нигоҳ дошта натавонисту ба маҳкамаи қодӣ рафта, воқеаи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё