Афсонаҳои халқи тоҷик

Ин китоб маҷмӯи афсонаҳо ва ҳикоятҳои халқи тоҷик буда, панду ахлоқ ва ҳикоятҳои халқиро дар бар мегирад. Дар он сагу гурба, одамони ҳасуд ва воқеаҳои гуногуни тарбиявӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 135 саҳифа
Як кӯҳи калон гирифта бурда куштанӣ шуда, боз хоҳар, ки буд, дилаш нашуд, хайр худаш мурда меравад ё ягон ҳайвони ваҳшӣ мехӯрад гӯён дар ҳамон ҷо партофта рафт.
Духтар гушнаю ташна, ҳайрону сарсон мегашт. Рӯзе ӯро як деҳқонписар дида монду ба хонааш бурда зан карда гирифт. Дар оилаи онҳо писарчаи зебо таваллуд шуд. Деҳқонписар ҷавони меҳнатӣ, баодоб буд.
Духтар аз ҳаёт розӣ буд, вале ёди ватан ва дидори падару модараш ӯро ғамгин мекард. Вай рӯзе дар ин бора ба шавҳараш ҳисрат кард ва шавҳараш мувофиқи табъи дили занаш кор кардани шуда, ӯро ҳамроҳии як дӯсташ ба ватанаш бурдани шуд. Дар роҳ маълум гардид, ки дӯсти шавҳараш побанди ишқи зан гашта, бо нияти бад ба ӯ ҳамроҳӣ карда будааст. Вай ба занак дастдарозӣ кардани шуд, аммо занак гурехта худро ба чоҳе партофт. Мардак ҳарчанд росту дурӯғ гуфт, зорӣ карду дӯғ зад, занак аз чоҳ берун нашуд. Мардак дар ғазаб писараки дӯстрӯяки ӯро бо зарб ба болои модараш партофта рафт. Бачаи бечора ҳалок шуд.
Ин вақт писари бой - Абдулло аз ҷояш тохта хеста:
- Ту лаънатӣ, дурӯғ мегӯӣ, хез гум шав! - гӯён ба сари афсонагӯй мушт кашид.
Аҳрор бо дастони пуркувваташ ӯро ба ҷояш шинонда, ба чӯпонписар рӯ оварда гуфт:
-
Гӯй, гӯй сонияш чӣ шуд?
-
Сонияш, - гуфт чӯпонписар, - пагоҳӣ шуду як чӯпон овози гиряи занакро шунида, ӯро аз чоҳ кашида гирифт. Писарҷаро дар ҳамон ҷо гӯр карданд. Занак дар сари қабри вай бисёр-бисёр гиря карда, баъд аз чӯпон сару либоси чӯпонӣ талабида, пӯшида ба хонаи падараш равон шуд.
Ҳамон вақт қозию Абдулло:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё