Афсонаҳои халқи тоҷик

Ин китоб маҷмӯи афсонаҳо ва ҳикоятҳои халқи тоҷик буда, панду ахлоқ ва ҳикоятҳои халқиро дар бар мегирад. Дар он сагу гурба, одамони ҳасуд ва воқеаҳои гуногуни тарбиявӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 135 саҳифа
-
Агар тухмҳоро гирифта тавонам, он тарафашро як илоҷ мекунам! - мегӯяд духтар.
-
Ин тавр бошад, рав! - маслиҳат медиҳад канизак. - Дев ёзида хобидааст, бубин, агар ҳар ду чашмаш кушодагӣ бошад, хобаш бурдагӣ, халтачаро аз таги сараш оҳистакак гиру гурез, агар якто чашмаш кушодагӣ бошад, бедор аст, зуд қафо гард.
Духтар рафта мебинад, ки ҳар ду чашми дев кушодагӣ. Поида ба ӯ наздик мешаваду аз таги болишташ халтачаро гирифта мегурезаД.
Дев якбора бедор шуда, фарёд мекунад:
-
Ӯй канизакон, дуздро дастгир кунед!
-
Не, - мегӯянд канизакон, - мо ӯро дастгир намекунем, ӯ ба мо нағзӣ карда, остинча дӯхта дод!
-
Ӯй аспон, шумо ӯро доред! - мегӯяд дев.
-
Не, мо намедорем, - мегӯянд аспон, - ту ба мо устухон медодӣ, ӯ ба мо нағзӣ карда беда дод!
-
Ӯй сагҳо, шумо ӯро қапед! - фармон медиҳад дев.
-
Не, мегӯянд сагҳо, - ӯ ба мо устухон дод!
-
Ӯй дарвоза, ӯро дор!
-
Не, - мегӯяд дарвоза, - ту маро ифлосу хароб кардӣ, ӯ маро тозаю обод кард.
Дев мебинад, ки ӯро дастгир намекунанд, хеста аз қафои духтар меданад. Вай бо тамоми қувваташ давида, ба духтар наздик шуда, дасташро дароз карда, аз думи аспи ӯ доштанӣ мешавад, ки духтар оинаи кампир додагиро гирифта, ба қафояш мепартояд. Оина якбора мавҷ зада, ба дарёи бесару бари шӯҳе мубаддал мешавад.
Деви бузургҷусса худро ба дарё мепартояд. Вай бо машаққати зиёд аз дарё мегузараду давида, ба духтар наздик шудан мегирад. Ба духтар наздик шуда, дасташро дароз карда,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё