Зеҳн
Афсонаҳои халқи тоҷик

Ин китоб маҷмӯи афсонаҳо ва ҳикоятҳои халқи тоҷик буда, панду ахлоқ ва ҳикоятҳои халқиро дар бар мегирад. Дар он сагу гурба, одамони ҳасуд ва воқеаҳои гуногуни тарбиявӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 135 саҳифа

АфсонаҲикоя
Аз аввал хондан

Ҳамаи ҷавонон гузаштанд. Фақат кали боғбон дар хонааш нишаста, дар бораи ба назди қаср омадан фикр ҳам намекард. Охир ӯро ҳам маҷбур карданд, ки аз бари айвони қаср гузарад. Маликадунё ба вай себашро дод.

Подшоҳ аз шарм сарашро ба замин хам намуд. Ҳамаи дарбориён рафтори духтари хурдии подшоҳро масхара мекарданд.

Подшоҳ ба домодҳои калонаш боғу рамаҳо бахшида, ба домоди аз ҳама хурдӣ бошад, фақат ҷувозхонаи кӯҳнаро дод. Дар як тарафи ҷувозхона аз чигит равған мекашиданд, дар тарафи дигар боғбони кал бо занаш зиндагӣ мекард.

Рӯзҳо, ҳафтаҳо, моҳҳо мегузаштанд, вале ҳеҷ кас аз ҳоли Музаффару зани ӯ хабар намегирифтанд.

Як вақт домодҳои подшоҳ ба шикор баромаданӣ шуданд. Музаффар ба занаш фармуд, ки ба пеши падараш рафта, як корд, як асп ва тиру камон талабида ояд.

  • Ман ҳам бо домодҳои калонӣ ба шикор меравам, - гуфт ӯ ба занаш. Малика пеши падараш омада, таъзим карду илтимоси шавҳарашро расонид.

  • Гум шавед аз назарам! - фарёд кард подшоҳ. Аммо вазири пири доно таскин дода гуфт:

  • Гурги кушта шударо пӯсташ мемонад. Иҷозат диҳед, равад, шояд чизе биёрад.

Подшоҳ ба гапи вазир даромада, ба домоди калаш як корди дамаш гаштагӣ, як аспи логар ва камони кӯҳна тақдим кард, иҷозат дод, ки ба шикор равад.

Кали боғбон ба аспи логар зин зада, ба шаҳр даромад. Мардум ӯро масхара мекарданд, бачагон аз қафояш давида, хандакунон санг мепартофтанд. Музаффар ба ҳамаи ин аҳамият надода, ба роҳаш мерафт. Вай аз шаҳр баромада, ба

пешина
аз 135
навбатӣ