Зеҳн
Афсонаҳои халқи тоҷик

Ин китоб маҷмӯи афсонаҳо ва ҳикоятҳои халқи тоҷик буда, панду ахлоқ ва ҳикоятҳои халқиро дар бар мегирад. Дар он сагу гурба, одамони ҳасуд ва воқеаҳои гуногуни тарбиявӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 135 саҳифа

АфсонаҲикоя
Аз аввал хондан

Ана, ҳамин хел Канаяк дар ғами дӯсташ азодор шуду Алошақшак парашро партофта, Чанор баргашро рехта, Бузак шохҳояшро шикаста, Оби равон лойолуд шуда, ба дарду алами ӯ шарик шуданд.

ХАРГӮШИ ШЕРДИЛ М

Харгӯшчае буд, харгӯшчаи тарсончаке. Шохчае тирсӣ карда шиканад ё паррандае қанот занад ва ё порчаи барф аз дарахт афтад, як қад мепариду гирён мешуд.

Баъд калон шуд, ҷасорат пайдо кард ва як рӯз калонӣ карда гуфт:

  • Ман аз ҳеҷ чиз наметарсам!

Вай ин суханонро бо овози баланд такрор карда, ба беша даромад.

  • Чӣ, ту аз гург ҳам наметарсӣ? — пурсид харгӯши пир.

  • Аз гург ҳам, аз рӯбоҳ ҳам, аз хирс ҳам наметарсам! – ҷавоб дод харгӯшча. – Агар гургро бинам, пора карда мепартоям.

  • Ту нодон! - гуфт харгӯши пир.

Ин замон як гург омада монд. Гург гушнаву хаста буд. «Кошкӣ ақалан як харгӯш вомехӯрд» мегуфт ӯ дар дилаш ва нохост ба гӯшаш овози харгӯш расид. Вай бозистоду бӯй кашид ва поида-поида пеш омадан гирифт.

Гург наздик омада шунид, ки як харгӯшчаи қаччашми думкалта ӯро пора карда хӯрданист.

  • Исто, ҳозир ман ба сари ту лофзан об мерезам! – гуфт гург.

Харгӯшча ба болои кунда баромада мегуфт:

пешина
аз 135
навбатӣ