Афсонаҳои халқи тоҷик

Ин китоб маҷмӯи афсонаҳо ва ҳикоятҳои халқи тоҷик буда, панду ахлоқ ва ҳикоятҳои халқиро дар бар мегирад. Дар он сагу гурба, одамони ҳасуд ва воқеаҳои гуногуни тарбиявӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 135 саҳифа
ҶОНИ НОДОН ДАР АЗОБ
Буд-набуд, як рӯбоҳаке буд. Дар қарибиҳои лонаи хирс лонаяке дошт. Рӯбоҳак ҳар рӯз шишту хезу гашту гузору қаду қомати ҳамсояашро тамошо карда, ба андеша мерафт: қувваи бузурге дорад ин ҷонвари худо, чӣ хеле, ки одамон мегӯянд, «Кӯҳро занад, талқон мекунад», аммо ӯ боре надидааст, ки ин қувва дар ҷое истифода шуда бошад. «Гирду атроф пур аз замин, киштукор кунӣ, олам-олам ҳосил мегирӣ», - фикр кард рӯбоҳак. - Равам пеши хирсу гӯям, ки биё, ҳамсоя ягон чиз корему ҳосилашро ғундошта, зимистон хӯрда, хоб кунем! Агар дилашро гарм гирифта, дурустакак фаҳмонам, розӣ мешавад».
Рӯбоҳак ҳамин хел фикр карду пеши хирс рафт.
Хирс ба таклифи ӯ розӣ шуд. Замин шудгор карданд, лаблабу коштанд. Об доданду нигоҳубин карданд ва мунтазир шуданд. Вақташ расиду лаблабу пухт. Рӯбоҳ аз хирс пинҳонӣ як то лаблабу кофта гирифту хӯрда дид, ки қанд барин ширин. Ҳирсаш боло гирифту рӯбоҳ, ки буд, дар фикри ҳилла шуд. «Номи ман рӯбоҳ не! — гуфт, — агар ин хирси содаро фириб дода, ҳосилро як то намонда, худам соҳибӣ накунам».
Рӯбоҳ хирсро ба сари замин даъват карду баргҳои сабзу тозаи лаблабуро бо завқ нишон дода гуфт:
- Эй шарик, сар-сари сарашро мегирӣ, ё бех-бехи бехашро?
- Сар-сари сарашро, — ба баргҳои тару тоза бо ҳавас нигоҳ карда гуфт хирс.
Хирс баргҳои лаблабуро як то намонда канда гирифту, ба чувол андохта ба хонааш бурд.
Рӯбоҳ бошад лаблабуро ба хонааш бурд ва ҳар гаҳ, ки дар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё