Зеҳн
Афсонаҳои халқи тоҷик

Ин китоб маҷмӯи афсонаҳо ва ҳикоятҳои халқи тоҷик буда, панду ахлоқ ва ҳикоятҳои халқиро дар бар мегирад. Дар он сагу гурба, одамони ҳасуд ва воқеаҳои гуногуни тарбиявӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 135 саҳифа

АфсонаҲикоя
Аз аввал хондан

кард. Подшоҳ вақташ чоқ шуда, фармон дод, ки сад тилло ба моҳигир диҳанд. Моҳигир сад тиллоро гирифта хурсанд шуда, аз пеши подшоҳ баромада рафт. Ин замон вазир хандид.

Подшоҳ пурсид, ки ӯ барои чӣ механдад?

Вазир гуфт:

  • Подшоҳам, ба бадали як моҳии дупула сад тилло додед, агар ҳамин хел кардан гиред, дар андак вақт дар хазинаи подшоҳӣ як пули сиёҳ ҳам намемонад.

Подшоҳ:

  • Чӣ кор кунам? – гуфта аз вазир пурсид.

Вазир гуфт:

  • Ӯро гардонеду пурсед, ки моҳияш нар ё мода, нар гӯяд, гӯед, ки ба мо модааш даркор, мода гӯяд, гӯед, ки ба мо нараш даркор. Вай маҷбур мешавад, ки сад тиллоро гашта диҳад, се-чор тилло медиҳад, хурсанд шуда меравад.

Моҳигирро чеғ заданд, подшоҳ аз ӯ пурсид:

  • Моҳиятон нар ё мода?

Моҳигир қадре фикр карда гуфт:

  • Подшоҳам, моҳии ман хунасост, ҳам нару ҳам мода.

Подшоҳ завқ карда ба вазир гуфт:

  • Ҳозир аз киссаат ба ин мард барои ин ҷавобаш сад тилло медиҳӣ!

Вазир маҷбур шуд ба ӯ сад тилло диҳад, вақти доданаш як танга аз дасташ ғалиду рафта гум шуд. Моҳигир кофта-кофта тангаро ёфта гирифт. Вазир ин ҳолро дида, ба подшоҳ гуфт:

  • Аслаш, ки паст аст, дар ҳамин ҷо ҳам пастиашро кард, як тангаро ин қадар кофт, то наёфт сар боло накард, одами назарбаланд мебуд ин корро намекард.

Моҳигир ин гапро шунида гуфт:

  • Подшоҳам, рӯи тангаи тилло мӯҳри шумо сабт шудагӣ,
пешина
аз 135
навбатӣ