Афсонаҳои халқи тоҷик

Ин китоб маҷмӯи афсонаҳо ва ҳикоятҳои халқи тоҷик буда, панду ахлоқ ва ҳикоятҳои халқиро дар бар мегирад. Дар он сагу гурба, одамони ҳасуд ва воқеаҳои гуногуни тарбиявӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 135 саҳифа
шуда истодааст, аз хиргоҳаш берун шуда, ба тарафи баҳодури фирӯзманд тир андохт. Тир дасти рости ӯро шикоф кард. Подшоҳи Корф ҷароҳатдор шудани баҳодури далерро дида, зуд ба назди ӯ асп давонда омад ва дасти ӯро бо рӯймоли шоҳиаш баста монд. Баҳодур аз нав ба ҷанг даромад.
Ҷанг бо ғалабаи ҷангварони Корф ба охир расид. Аммо дар охири ҷанг баҳодури ношинос ғоиб шуда рафт. Вай вақти шом ба пеши занаш омада хоб кард.
Маликадунё намедонист, ки ҷавони ин қадар бошарафона ҷанг кардагӣ шавҳари ӯ буд. Вай ногоҳ дар банди дасти шавҳараш рӯймоли хунолуди подшоҳро дида монда, фаҳмид, ки он баҳодуре, ки Тороҷподшоҳро мағлуб кард, шавҳари худаш будааст.
Маликадунё ҳайрону хурсанд шуда, ба пеши хоҳаронаш рафта воқеаро гуфт. Хоҳаронаш бовар накарда ӯро мазҳака намуданд.
Подшоҳ ба муносибати ғалаба ҷашн ташкил карда, тамоми халқро, аз ҳафт то ҳафтодсола даъват кард. Вай дар байни ҳозирон наҷотдиҳандаи шаҳр — баҳодури далерро ҷустуҷӯ мекард, аммо ӯ дар байни мардум набуд.
Фақат дар охири ҷашн шавҳари Маликадунё ба қаср омад. Вай ба китфаш ҷомаи зарбофти қимматбаҳое партофта буд, сари ҷингиламӯяшро тӯппии Маликадунё духтагӣ зиннат медод, дар дасти росташ рӯймоли шоҳӣ печондагӣ. Подшоҳ ба чашми худ бовар намекард, ҳеҷ бовар ҳам накарда наметавонист, ки як кали сараш қалахш бастагӣ домоди бадмедиагиаш ҳамон баҳодуре буд, ки шаҳри Корфро шуҳратманд гардонд. Вале рӯймоли шоҳии дирӯз ба дасти ҷавонмарди фирӯзманд бастагиаш шубҳаи ӯро бартараф кард. Подшоҳ ноилоҷ эътироф намуд, ки духтари хурдиаш хато кардааст ва ӯ ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё