Зеҳн
Афсонаҳои халқи тоҷик

Ин китоб маҷмӯи афсонаҳо ва ҳикоятҳои халқи тоҷик буда, панду ахлоқ ва ҳикоятҳои халқиро дар бар мегирад. Дар он сагу гурба, одамони ҳасуд ва воқеаҳои гуногуни тарбиявӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 135 саҳифа

АфсонаҲикоя
Аз аввал хондан

шудагиро як-як гуфта дод. Ҳамсояи ҳуҷаинашро озод карданду ӯро ба зиндон партофтанд.

  • Шумо гуноҳ надоштаед, - гуфт қозӣ. - Ғуломи ҳамсоятон ба пои худаш омада ҳақиқати ҳолро гуфт.

  • Бо пои худаш омада, ба гуноҳаш иқрор шуда бошад, ӯро озод мекунем! - илтимос кард ҳамсоя.

  • Мо одамкушро озод намекунем! - гуфт қозӣ, - ӯ қотил аст, бояд ҷазояшро бинад.

  • Ӯ одам накуштааст, ӯ ҳасадро куштааст, ки як навъ кирми захрнафс асту касро аз дарун хӯрда, нобуд мекунад, - гуфт ҳамсоя.

Пеши қозӣ марди ҳакиме нишаста буд, гапи ҳамсояро тасдиқ намуду изофа кард:

  • Ӯро боз ҳирс куштааст. Аз баҳри ҷоҳу зану боғу роғ баромада, ин ҷо омада, ба гуноҳи худ иқрор шудан ба ин далел аст.

Гапи ҳамсояю марди ҳаким маъно дошт. Қозӣ фаҳмиду розӣ шуда ғуломро ҷавоб дод. Ғулому ҳамсояи ҳуҷаинаш ба ҳавлиҳояшон омада, ба мардум тӯю тамошо доданду ба якдигар дӯсту бародар шуда, то охири умрашон хушу хурсанд зиндагӣ карда гаштанд.

МУЗАФФАР

Дар замони қадим як подшоҳ зиндагӣ мекард. Вай фарзанд надошт. Як вақт занаш писар зоиду вале ба зудӣ худаш вафот кард. Подшоҳ ба фироқи занаш бисёр ғам хӯрда, рӯи писарашро, «ба марги занам сабаб шуд» гуфта, дидан намехост.

Вай бачаро ба тарбияи доя дода, фармуд, ки ӯро дар

пешина
аз 135
навбатӣ