Афсонаҳои халқи тоҷик

Ин китоб маҷмӯи афсонаҳо ва ҳикоятҳои халқи тоҷик буда, панду ахлоқ ва ҳикоятҳои халқиро дар бар мегирад. Дар он сагу гурба, одамони ҳасуд ва воқеаҳои гуногуни тарбиявӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 135 саҳифа
Гурба шарики дӯстдоштаи Гулмоҳ шуд. Гулмоҳ бе ӯ ҳеч чиз намехӯрд. Ҳар чӣ, ки ёфт, гурбаро чеғ мезаду бо ҳам медиданд. Як пагоҳӣ хона рӯфта истода, аз пеши ҷорӯб як дона мавиз ёфт. Бехавотир онро гирифту пуф карда ба даҳонаш андохт. Гурба, ба ними мавиз умедвор истода буд, дар қаҳр шуда, тохта рафта оловро кушт.
Гулмоҳ хамир кард, хамираш расид, танӯрро тафсонданӣ шуда, ба пеши оташдон омад, ки олов мурдагӣ. Вай ғамгинона берун баромада, чор тарафро нигоҳ кард, ки аз даруни як бешазор дуди борике баромада истодааст. Ҳамон дудро нигоҳ карда, рафтан гирифт. Наздик шуда дид, ки як кӯрбарзангӣ бо як дасташ бачаашро макконда, бо дасти дигараш гандум бирён карда истодааст. Гулмоҳ ноилоҷ ба пеши вай рафта:
- Ассалом очаҷон! - гуфт.
Кӯрбарзангӣ сар бардошта пурсид:
-
Ваалайкум ассалом, агар саломат намебуд, як луқмаи хомат мекардам! Барои чӣ омадӣ!
-
Олавам мурд, оловгирӣ омадам, - ҷавоб дод Гулмоҳ.
Кӯрбарзангӣ каме олов ва як қадар чав дароз карда, гуфт:
- Ин чавро то хонаат ҷошида-ҷошида рав.
Гулмоҳ чавро ҷошида омад, танӯрро тафсонд, нону самбӯсаҳои гӯштин пухт, хӯрок тайёр кард. Акаҳояш омаданд, хӯрданд, ҳама чиз хеле бомазза буд, шикамашон сер, ғамҳояшон дур шуд, аз хоҳараки ҳунармандашон миннатдор шуданду хеле чак-чак карда нишаста, баъд хоб карданд, саҳар шуд, хеста рафтанд. Рӯз шуд, Гулмоҳ ҳавлӣ рӯфта истода буд, ки ногаҳон ҳамон Кӯрбарзангӣ таккасавор даромада омад. Вай омада истода фарёд мекард:
- Ӯй ночинс, биё таккаамро гирифта банд!
Гулмоҳ тохта омада таккаро дар як мех баст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё