Зеҳн
Афсонаҳои халқи тоҷик

Ин китоб маҷмӯи афсонаҳо ва ҳикоятҳои халқи тоҷик буда, панду ахлоқ ва ҳикоятҳои халқиро дар бар мегирад. Дар он сагу гурба, одамони ҳасуд ва воқеаҳои гуногуни тарбиявӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 135 саҳифа

АфсонаҲикоя
Аз аввал хондан

Вале муаллим Музаффарро аз роҳаш нигоҳ дошта, ба пеши подшоҳ шитофта воқеаи шудагиро гуфта дод ва ақлу фаросати писари навраси ӯро боз як бори дигар таъриф кард.

Подшоҳ фармон дод:

  • Тамоми халкро аз ҳафтсола то ҳафтодсола, ҷамъ карда маълум кунед, ки ман писари донишмандам Музаффарро вориси худ эълон менамоям.

Аз қасри подшоҳ то таҳхона аз гилем пояидоз андохта, бо тантанаю суруду мусиқа Музаффарро ба назди падараш бурданд. Подшоҳ писарашро дар паҳлӯи худ шинонд.

Аз ҳамин вақт сар карда, Музаффар дар қасри падараш зиндагонӣ мекардагӣ шуд.

Як пагоҳӣ Музаффар дид, ки ҳамаи одамони шаҳр ба як тараф рафта истодаанд. Вай ҳақиқати воқеаро фаҳмиданӣ шуда, ба пеши падараш рафта пурсид.

  • Писарам, имрӯз рӯзи ҷумъа, - гуфт подшоҳ, - дар ин рӯз ҳар кас ба бозор рафта чизҳои даркориашро харида меравад.

Музаффар илтимос кард, ки рухсат диҳад, ба қатори мардум ба бозор рафта чизҳои даркориашро харида биёяд.

Падараш розӣ шуд.

Музаффар кисаҳояшро аз тилло пур карда, ҳамроҳи як хизматгор ба бозор рафт.

Вай бисёр ин тарафу он тараф гашта, ягон чизи ба худаш даркориро наёфт ва хаставу монда шуда гашта омаданӣ шуд.
Ногаҳон як марди аспсаворро дида монд, ки аспи логару баднаморо этак карда меомад. Асп ба Музаффар маъқул шуд.
Музаффар нархи онро пурсид. Мардак ҳазор тилло талаб кард.
Музаффар ҳамаи тиллоҳои худро дода, аспро гирифта омад.

Подшоҳ хариди писарашро дида ханда карда, гуфт:

  • Чӣ, аспи ман кам-мӣ? Ин аспи логар ба ту чӣ даркор буд?
пешина
аз 135
навбатӣ