Афсонаҳои халқи тоҷик

Ин китоб маҷмӯи афсонаҳо ва ҳикоятҳои халқи тоҷик буда, панду ахлоқ ва ҳикоятҳои халқиро дар бар мегирад. Дар он сагу гурба, одамони ҳасуд ва воқеаҳои гуногуни тарбиявӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 135 саҳифа
Музаффар бошад, бовар кард, ки аспи ғамхораш дуруст гуфта будааст.
Рӯзи дигар моиндар гуфтугӯи Музаффарро бо аспаш шунида, фаҳмид, ки асп ӯро пешакӣ огоҳ кардааст ва дар қасди нобуд кардани асп афтод.
Вай худро ба касалӣ андохт. Подшоҳ табибҳои бисёре овард, вале ҳеҷ кадоми онҳо ба дарди ӯ даво карда натавонистанд. Охир як рӯз зан ба подшоҳ гуфт, ки фақат гӯшти аспи Музаффар ӯро аз касалӣ халос карда метавонад.
Музаффар ҳар вақт аз сайру саёҳат баргашта аввал аз аспаш хабар мегирифт. Ҳамон рӯз вай ба саисхона даромад, ки аспаш тамоман лойолуд асту сарашро ҳам карда, ғамгин истодааст.
-
Аспи вафодорам, ба ту чӣ шуд? - пурсид вай аз асп.
-
Музаффар! - гуфт асп. - Моиндарат фармудааст, ки маро кушанд. - Асп ғамгин шудани Музаффарро дида, суханашро давом дод: - Ғам нахӯр, ба ман гӯш кун: пагоҳӣ, вақте ки қассов маро куштанӣ мешавад, ман аз саисхона баромада истода як бор шиҳа мекашам, дар нисфи роҳ бори дуюм шиҳа мекашам. Ва вақте ки қассов кордашро тез мекунад, бори сеюм шиҳа мекашам. Агар ту шиҳаи маро шунида, ба ёрии ман шитоб кунӣ, ҳар ду халос мешавем, аммо агар расида набиёӣ, аввал ман ҳалок мешаму баъд ту.
Музаффар пагоҳии барвақт китоб гирифта, ба пеши муаллимаш рафт. Аммо ҳушаш ба шунидани шиҳаи асп банд буд. Як вақт шиҳаи асп ба гӯшаш расид. Музаффар ба ёрии ӯ шитофтанӣ шуд, вале муаллимаш ӯро нигоҳ дошт. Боз як бор шиҳаи асп баланд шуд, ин дафъа ҳам муаллимаш ба рафтан иҷозат надод.
Аммо вақте асп бори сеюм шиҳа кашид, Музаффар дигар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё