Афсонаҳои халқи тоҷик

Ин китоб маҷмӯи афсонаҳо ва ҳикоятҳои халқи тоҷик буда, панду ахлоқ ва ҳикоятҳои халқиро дар бар мегирад. Дар он сагу гурба, одамони ҳасуд ва воқеаҳои гуногуни тарбиявӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 135 саҳифа
монд. Сангсабур ҳам шуда, сабаби парида нарафтани онро фаҳмиданӣ шуд. Дид, ки парранда ба як тори мӯи дарози сиёҳ печида мондааст.
Ҷавони дуредгар тори мӯйро ба дасти худ печонида, болҳои паррандаро кушодан гирифт, - дарозии тори мӯй чил газ буд.
- Охир, ин мӯи Робияи чилгазамӯй-ку! - фарёд кард Сангсабур. - Маълум мешавад, ки ман дуруст рафта истодаам.
Паррандаи озодгардида худро афшонду болу парашро паҳн карда, ба сӯи абрҳо парвоз кард.
Акнун Сангсабур дилпурона қад-қади дарё рафтан гирифт. Ана офтоб ҳам дар паси кӯҳҳои дури барфин ғоиб шуд, рӯи заминро торикӣ фаро гирифт. Ногаҳон чашми Сангсабур ба нуре, ки гулдаста барин аз замин баланд шуда ба осмон дакка мехӯрд, афтида монд. Вай бо завқу ҳайрат шитобон ба тарафе, ки аз он ҷо нур баланд шуда буд, равон гардид.
Сангсабур ба шаҳр даромад ва ҳамон замон нури аҷоибу ғароиб гум шуда рафт. Мардум ба ҳаяҷон омада, аз паҳлӯи ӯ тохта мегузаштанд ва фарёд мебардоштанд.
- Робия, Робия омада истодааст!
Якбора як сӯи шаҳр чун рӯз равшан гашт ва ҳамон лаҳза Сангсабур дар байни мардуми роҳ кушода истодагӣ Робияи нозанинро дида ҳайрон шуда монд.
Сангсабур бо ҳаяҷон ба рӯи нурпоши духтар нигоҳ мекард. Табассуми Робия чунон дилрабо буд, ки паҳлавонон тамоман мафтун гардида, ягон даҳон ҳам гап зада натавонистанд.
Робия ба Сангсабур тамоман наздик шуда, дурудароз ба рӯи ӯ нигоҳ карда истод ва баъд бошитоб ба сӯи ҳавлиаш равон шуд.
Робия ҳеҷ вақт ба шаҳр баромада, ин хел тез гашта нарафта буд. Дар байни мардум овозае паҳн шуд, ки Робияи чилгазамӯй ногаҳон касал шуда мондааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё