Афсонаҳои халқи тоҷик

Ин китоб маҷмӯи афсонаҳо ва ҳикоятҳои халқи тоҷик буда, панду ахлоқ ва ҳикоятҳои халқиро дар бар мегирад. Дар он сагу гурба, одамони ҳасуд ва воқеаҳои гуногуни тарбиявӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 135 саҳифа
-
Акнун ин ҳеҷ илоҷ надорад, - гуфт Сангсабур ба Боборахим. - Аспи паррандаи туро садҳо устоҳои аз тамоми мамлакат омадагӣ якҷоя сохта буданд. Ба хона баргард, мо ба ту аспи дигар сохта медиҳем.
-
То он вақт ягон кас ба пеши Робия медарояду ӯро соҳибӣ мекунад, - гуфт Боборахим, - не, ман гашта намеравам!
Дар ин муддат аллакай бисёр ҷавонони номдори шаҳр бахтозмоӣ карда, ба пеши Робия даромаданӣ мешуданд, лекин палангҳои посбон хашмгинона ҳамлакунон онҳоро наздик шудан намемонданд.
Сангсабур инро дида, аз дасти чапаш тори мӯи чилгазаро кушода, ба дасти росташ печониду нотарсона ба сӯи дарвозаҳо равон гардид.
Палангҳо чангҳои бадҳайбати худро бардошта ба ӯ дарафтоданд. Сангсабур бо шамшери дар дасти рост нигоҳ доштааш ба онҳо ҳуҷум карда, ба замин афканд. Тамошобинон ба ҳаяҷон омаданд ва садои баланд бароварда, паҳлавони ҷасуру чолокро табрик карданд.
Вале ногаҳон садоҳои ҳаяҷономези хурсандии ба доду фиғони ваҳмангез мубаддал шуд: фашшасу хуштак зада, нафаси оташбор кашида, аз сӯрохи биниаш дуд бароварда, ба тарафи Сангсабур аждаҳои даҳшатовар хазида меомад. Вай синаи васеашро боло бардошта, ба Сангсабур ҳамла карданӣ шуд.
Баҳодури нотарс бисёр фикр накард, ба пешвози аждаҳо давиду шамшерашро ба шиками он халид. Аждаҳо наърае кашида, ба замин афтод. Нафаси оташбори ӯ хомӯш шуд.
Роҳи Робия кушода шуд. Мардум тӯда-тӯда шуда худро ба қалъа андохтанд.
Ба қалъа аввал занҳо даромаданд.
Робияи ҷилгазамӯй дар хонаи аз ҳама дарун сарашро ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё