Зеҳн
Афсонаҳои халқи тоҷик

Ин китоб маҷмӯи афсонаҳо ва ҳикоятҳои халқи тоҷик буда, панду ахлоқ ва ҳикоятҳои халқиро дар бар мегирад. Дар он сагу гурба, одамони ҳасуд ва воқеаҳои гуногуни тарбиявӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 135 саҳифа

АфсонаҲикоя
Аз аввал хондан

Духтар дид, ки ба қозӣ илоҷи маъқул кунонидани гап набудааст, баромада рафтанӣ шуд. Қозӣ пеши роҳи ӯро гирифта, гуфт:

  • «Ё ба зорӣ, ё ба зӯрӣ, ё ба зар» гуфтагӣ гапҳо ҳаст. ба зорӣ нашуд, ту албатта аз ман зар намегирӣ, дар ин миён зӯрӣ мемонад.

Қозӣ ба духтар наздик шуд, Меҳрбону кафи дастонашро ба манаҳи қозӣ паҳш карда, миёнашро ба қафо кашиду бо пои росташ ба шиками ӯ кӯфт. Қозӣ гурсӣ пуштнокӣ ба замин афтод. Меҳрбону чароғпояе пайдо карда, ба сари қозӣ зада, ба ақибаш нигоҳ накарда, баромада рафт.

Қозӣ, ки аз зарби чароғпоя аз ҳуш рафта буд, баъди чанд вақт ба ҳуш омада, фикр кард, ки агар тадбире наҷӯяду воқеаро ҳамин хел монад, ҳам бозургон душмани қаттолаш мешаваду ҳам пеши мардум бадному беобрӯ шуда мемонад. «Илоҷи воқеаро пеш аз вуқӯъ бояд ҷуст» гӯён қоғазу қалам гирифта, дар ҳаққи духтар тӯҳматкориҳое навишт, навишт ки аз бозе ки ӯ рафтааст, духтараш Меҳрбону худро озод ҳис карда, ба корҳои ношоиста машғул мешавад. Ҳарчанд ман насиҳат кардам, гӯш надод, дар ин миён, дӯсти азизам, ҳам номи ту бад шуду ҳам номи ман. Бовар дорам, ки чораи инро зуд мебинию доғи беобрӯию шармандагиро аз номи мо мебардорӣ.

Қозӣ номаро ба дасти чопар дода фармуд, ки беист асп давонда, ба ҷое боз наистад, ҳар чӣ зудтар ба дасти бозургон расонад. Бозургон, ки қозиро дӯсти ҷонии худ дониста буд, ба навиштаҳои ӯ сахт бовар кард, хашмгин шуда, дар сари хашму ҷаҳл ба писараш фармуд, ки ҳамин лаҳза ба шаҳрашон бираваду ба ҳеҷ кас, ҳатто ба модараш нагуфта, хоҳарашро ба ягон гӯшаи дурдасти хилват бурда кушта гӯр карда, баргардад.

Бародар, бародар аст. Ба хоҳараш дилаш сӯхт. Аммо

пешина
аз 135
навбатӣ