Афсонаҳои халқи тоҷик

Ин китоб маҷмӯи афсонаҳо ва ҳикоятҳои халқи тоҷик буда, панду ахлоқ ва ҳикоятҳои халқиро дар бар мегирад. Дар он сагу гурба, одамони ҳасуд ва воқеаҳои гуногуни тарбиявӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 135 саҳифа
Бародарам, бозургон, ман мефаҳмонам. Ин вазифаи мушкил ба гардани ман.
Зани савдогар ин гапҳои қозиро қабул накарда гуфт:
Ҳаргиз ин хел шуданаш мумкин набуд. Меҳрубону аз он духтарони сабукфикру чашми рӯяшон беҷо не, ки ба касе забон як карда, хонаи падару модарро тарк кунад. Ин хел духтари боҳаё, баору номус кам ёфт мешаванд.
Қозӣ дар ҷавоби ин суханон гуфт:
- Шумо ин хел содда фикр накунед, хоҳарам, дар рӯи олам ҳархел ҳодисаҳои ғайричашмдошт рӯй медиҳад. Ҷавонони бебоки беандеша кам нестанд, бо ҳазор ҳиллат духтарро ба худ моил мекунанд, агар духтар моил шавад, бо зӯрӣ гирифта мебаранд ё медузданд. Магар ҳамин хел воқеаро нашунидаед?
Шунида буд зани бозургон ин қабил воқеаҳоро, вале ҳаминро ҳам медонист, ки духтараш аз ҷумлаи он духтарони маъсума аст, ки бе маслиҳати падару ризоияти модару бародар ҳаракате намекунад, хилофи хости онҳо амал карданро дар шаъни худ раво намебинад.
Зани савдогар аз гуфтаҳои қозӣ қаноат накарда, бо ҷигари сӯхтаву дили пуралам ба хонааш баргашту худ ба ҷустуҷӯи духтар машғул шуд, ҷое намонд, ки ӯ нарафта бошаду суроғ накарда бошад, вале бенатиҷа.
Чанд рӯз гузашту писарашу шавҳараш баргаштанд. Зан гирёну нолон воқеаи гум шудани Меҳрубонуро гуфта дод. Бар хилофи чашмдошти ӯ бозургону писараш ғавғо набардоштанд.
Ғамгину хашмгин буданд, аммо тақдираш ҳамин будааст, гуфтанду аз паи кору рӯзгори худ шуданд.
Инҳоро ин ҷо мемонему қиссае аз Меҳрубону гӯем.
Меҳрубону дар байни кӯҳҳои баланди бадвоҳима тарсону ларзон дар қабати буттаҳо пинҳон шуда, шабро рӯз карда,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё