Афсонаҳои халқи тоҷик

Ин китоб маҷмӯи афсонаҳо ва ҳикоятҳои халқи тоҷик буда, панду ахлоқ ва ҳикоятҳои халқиро дар бар мегирад. Дар он сагу гурба, одамони ҳасуд ва воқеаҳои гуногуни тарбиявӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 135 саҳифа
- Ман ба ин бовар надорам, ба ҳар ҳол «аз карнайчӣ як пуф» як санҷида дидан лозим.
Аҳрору Меҳрбону чанд муддат дар сари ин маслиҳат буданду як рӯз Абдулло ба Аҳрор хабар дод, ки пагоҳ ба тарафи зодгоҳи занаш сафар карданист, метавонад зану писарчаашро пеши модараш барад.
Аҳрор ин хабарро ба занаш расонид. Меҳрбону дар ҷавоб қатъӣ карда гуфт, ки ба каси бегона ба ҷое намеравад.
Аҳрор гуфт:
-
Ту аз ин ҷиҳат хотирҷамъ бош! Абдулло ба ман бегона нест — ҷӯраи ҷонии ман аст, чӣ қадар ман ба худам бовар кунам, ҳамон қадар ба вай бовар мекунам.
-
Падари ман ҳам ба қозӣ бовар дошт, - гуфт Меҳрбону.
-
Лекин дар урфият «бовар макун ба дӯстат, кох ҷо кунад ба пӯстат» мегӯянд, рост будааст.
-
Ин хел бошад, ман ҳамроҳ меравам, - гуфт Аҳрор ба занаш.
Меҳрбону дили бедилон розӣ шуд.
Абдулло пагоҳӣ аробаашро ронда ба таги дарвозаи Аҳрорино омад. Меҳрбону писарчааш дар даст ба ароба савор шуд. Аҳрор дар паҳлӯи ӯ нишаст. Абдулло ароба ронд.
Рафтанд, рафтанд, бегоҳӣ ба доманаи сабзу хуррами кӯҳе расиданд.
- Ин шаб ин ҷо меосоем, пагоҳ ҳаракат мекунем, - гуфт Абдулло.
Дастархон кушоданд. Абдулло доруе бо худ гирифта буд, ки кас хӯрад, беҳуш мешуд.
Вай ҳиллае кард, доруро ба Аҳрор хӯронд. Аҳрор беҳуш шуда афтод. Абдулло худ ба худ гуфт: «Ба Худо шукр, ҳазор шукр, ки имшаб ба орзуҳоям мерасам». Вай ба Меҳрбону наздик шуда, дасти ӯро гирифта гуфт:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё