Панди бобо (Ғанӣ Ҷӯразода)

Китоб дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои тарбиявӣ ва панҷомӯзӣ мебошад, ки ба хонандагон оид ба арзишҳои ахлоқӣ ва ростию накӯкорӣ маслиҳат медиҳанд. Асар аз ҳаёти мардум ва воқеаҳои таърихӣ нақл мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 77 саҳифа
Да зуд ба ҷояш нишаст. Кабиру Замира ҳам хомӯш шуданд. Нозири ҷавони автоматдор аз ронанда, ки аз кабина мебаромад, бо оҳанги мағрурона пурсид:
-
Дар мошин чӣ дорӣ?
-
Ба бозор камтар пиёзу картошкаи деҳқонӣ овардам, - ҳалимона ҷавоб дод вай баъди даст дода вохӯрӣ карданд. Нозири қадпасти фарбеҳ чолокона ба зинапояи мошин баромаду ба даруни бордон нигариста, гӯё ки ягон чизи гумкардаашро ёфта бошад, хушҳолона фарёд кард:
-
Вай дурӯғ мегӯяд. Ба ғайр аз пиёзу картошка боз одам гирифтааст.
-
Одам? Чаро? Кӣ иҷозат дод, ки қоидаро вайрон кунӣ? - ҳуҷҷатҳои ронандаро аз назар гузаронда истода дӯғ зад нозири ҷавон.
-
Бачаҳоро интизори автобус дида, раҳмам омад. Охир барои зиндагӣ шуда, ба бозор мева мебаранд, - гуфт узромез ронанда ва ба бачаҳо гуфт, ки аз мошин фуроянд. Бачаҳо сатилҳояшонро бардошта поин шуданд ва ба ронанда пул доданӣ буданд, ки вай бо ишораи даст «лозим нест» гуфт. Нозири қадпасти фарбеҳ аз сатили Замира кафашро пур карда гелос гирифту ба даҳонаш партофт ва «зуд аз ин ҷо дафъ шавед, набошад кама мекунам» гуфт.
-
Бо мошини боркаш одам қашондан мумкин аст? - боз пурсид нозири ҷавон.
-
Албатта не, - ҷавоб дод ронанда, - узри маро қабул кун, ука, — дигар такрор намешавад.
-
Ман ба ту ука не, балки капитени милиса рафиқ Зоғаков, - бо ҷаҳл гуфт нозири ҷавон. «Номат ба худат мувофиқ будааст» - аз дил гузаронд ронанда.
-
Бист сомонӣ ҷарима мекунам, - гуфт нозири ҷавон ва аз ҷузвдонаш қоғазу қалам бароварда, ба навиштан сар кард.
-
Рафиқ капитан, ҳой рафиқ капитан, - ба таваллою зорӣ даромад ронанда, - пул надорам, ба Худо ки надорам. Агар бовар накунӣ, кисаҳоямро кофта бин. Илоҳо барака ёбӣ, як бор аз гуноҳам гузар, илтимос!
Нозири ҷавон ба илтимосу илтиҷои ӯ эътиборе надода ба нависонавис машғул буд. Нозири қадпасти фарбеҳ аз

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё