Панди бобо (Ғанӣ Ҷӯразода)

Китоб дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои тарбиявӣ ва панҷомӯзӣ мебошад, ки ба хонандагон оид ба арзишҳои ахлоқӣ ва ростию накӯкорӣ маслиҳат медиҳанд. Асар аз ҳаёти мардум ва воқеаҳои таърихӣ нақл мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 77 саҳифа
Ҳархела наистода босуръат гузашта мерафтанд. Холаи Салима умедашро аз мошин канда, ба пайраҳаи теппа гузашт. Тахмин ним километр роҳ паймуда буданд, ки якбора садои тирҳо баланд шуд. Дере нагузашта тирпарронӣ авҷ гирифт. Тирҳо парида омада, дар пеши пои онҳо пош мехӯрданд.
Давед, давед! — фарёд кард холаи Салима ва худаш пеш-пешу бачаҳо аз қафо ба пастӣ нигоҳ карда давиданд. Беҳрӯз, ки аз паси онҳо мерафт, ногоҳон пешпо хӯрда болои харсангҳо афтид. Аз таъсири зарба буд ё аз тарсу ҳарос сараш мисли занбӯрхона ғуввос зада, чашмонашро пардаи торикӣ пахш намуд. Бо вуҷуди ин ба харсанг бо дастонаш такя карда, зӯр зада хестанӣ шуд, ки натавонист ва калавида монандӣ одами маст боз ба замин афтид. Модараш бохабар шуда қафо гашта омад, то ки ӯро ба по хезонад, аммо дер шуда буд. Беҳрӯз мисли чархи мошин ба пастӣ меғелиду ба болояш сангу шағал мерехт. Модараш дод гуфта, аз паси ӯ тохт. Беҳрӯз ба поён афтиду аз ҳуш рафт. Бо чашмони нимпӯш ва ранги парида начунбида мехобид, гӯё нафас намекашид. Модараш бо чашмони гирёну дили бирён ба чор тараф давид, то ки бо кафи дастонаш об оварда, ба рӯи чигарбандаш пошида, ӯро ба ҳуш биёрад, вале аз об ному нишоне набуд. Вай рӯймолро аз сараш гирифта, рӯи бачаро бод кард, сару рӯяшро бӯсида, бо таваллою зорӣ «бачаякам, бачаҷонам, чашматро кушо, биҳез» гуфт. Аз байн тахмин панҷ-даҳ дақиқа гузашта буд, ки Беҳрӯз чашмонашро кушод, ба худ омада, аз ҷой хест ва қоматашро рост карда, хоку лойи часпидаи либосашро афшонд. Аз дасту рӯяш, ки сангҳои нӯгтез харошида буданд, хун мешорид. Пешонааш чормағз барин варам карда буд.
— Бачаякам Беҳрӯзҷон, ба ту чӣ шуд? — гӯён холаи Салима бо рӯймол дасту рӯи ӯро пок кард.
— Ҳеҷ чиз нашудааст, — гуфт Беҳрӯз, — ҳамту ғалтидам, ҳеҷ гап не.
— Эҳтиёт кунӣ, намешавад, ҷони очаш? Афтатро бин, пешонаат варам кардааст, — мегуфт модар дилсӯзона.
Ҳар се ба роҳи калон баромада, ба таксӣ нишастанд ва ба хонаи аммааш, ки дар маркази шаҳр буд, равон шуданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё