Зеҳн
Панди бобо (Ғанӣ Ҷӯразода)

Китоб дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои тарбиявӣ ва панҷомӯзӣ мебошад, ки ба хонандагон оид ба арзишҳои ахлоқӣ ва ростию накӯкорӣ маслиҳат медиҳанд. Асар аз ҳаёти мардум ва воқеаҳои таърихӣ нақл мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 77 саҳифа

ҚиссаТаърих
Аз аввал хондан

Аммааш онҳоро хушнудона пешвоз гирифт, ҳолу аҳвол пурсид, вале Беҳрӯзро дида таъбаш хира гардид. Холаи Салима воқеаро нақл намуда гуфт:

  • Аз ҷабру зулми Аҳмади Ҷаллод мардум ба дод омаданд. Хонасӯхта намемонад, ки осуда зиндагӣ кунем. Ба касафоти вай бачаяки бечораам ба фалокат гирифтор шуд.

  • Беҳрӯзҷон сахт лат хӯрдааст, - гуфт аммааш, — ба духтур бурдан лозим.

  • Худаш нағз мешудагист, - гуфт холаи Салима.

  • Духтур дида бояд табобат кунад. Аз дасти ману ту чӣ меояд? Биё рафтем, эҳтиёт ними ҳаёт мегӯянд.

Ҳар ду Беҳрӯзро гирифта ба беморхонаи шаҳр бурданд. Духтури шӯъбаи захмбандӣ ҷароҳатҳои Беҳрӯзро аз назар гузаронда, дору молид, сару рӯй ва дастони ӯро бо дока печонда баст ва ба Салима-хола гуфт:

  • Бачатон сахт захмдор шудааст. Ягон ҳафта дар беморхона хобиданаш лозим.

Холаи Салима чӣ гуфтанашро надониста ба хаёл рафту баъд:

  • Роҳамон дур, додар. Ҳар рӯз омада хабар гирифтанамон душвор. Намешавад, ки дору навишта диҳию худамон дар хона нигоҳ кунем.

  • Бо як дору молидан кор буд намешавад. Мо бояд ӯро аз ташхис гузаронем, тафтиш карда, санҷида бинем. Худо накарда агар майнааш зарар дида бошад, он гоҳ табобаташ душвор мешавад.

  • Майлаш гӯй, розӣ шав, - гуфт аммааш. Холаи Салима бо дили нохоҳам розӣ шуд. Ҳамин вақт амаки Абдураҳим омад ва сару рӯй ва дастони докапечи писарашро дида, дилаш сиёҳ шуд.

Замин сахту осмон баланд

Баъди он ки қувваҳои ҳукуматӣ дастаи ғоратгарони Аҳмади Ҷаллодро зада несту нобуд карданд ва дар деҳаҳои атрофи шаҳр оромию осудагӣ барқарор гардид, аҳли оилаи амаки Абдураҳим ба хона баргаштанд. Бисёр чизу чораашон

пешина
аз 77
навбатӣ