Зеҳн
Панди бобо (Ғанӣ Ҷӯразода)

Китоб дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои тарбиявӣ ва панҷомӯзӣ мебошад, ки ба хонандагон оид ба арзишҳои ахлоқӣ ва ростию накӯкорӣ маслиҳат медиҳанд. Асар аз ҳаёти мардум ва воқеаҳои таърихӣ нақл мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 77 саҳифа

ҚиссаТаърих
Аз аввал хондан

Китобро чунон бо завқ хонданд, ки таассуроти худро бо нақл кардан тамом карда наметавонистанд. Фақат Беҳрӯз бепарво буд. Боре ду-се саҳифа хонду «зик шудам» гуфта, китобро болои кат партофт. Ҳабиба барои ҷалб намудани диққати Беҳрӯз чанд саҳифаи аҷоиби китобро хонда дод: «Гӯшти хурӯси ҷавон барои зиёд гардондани ҷавҳари майна, фаҳм, дафъи хаёлҳои беҷо ва фикрҳои бад давои хуб мебошад... Агар мағзи сари мурғро пухта бихӯранд, ҷавҳари майнаро зиёд мекунад, қуввати тафаккурро афзун месозад, зеҳнро тез ва овозро соф мекунад, вале агар инро бардавом бихӯранд, касро аҳмақ мегардонад.» Вай боз дар бораи ба касалии фаромӯшхотирӣ даво будани шири гову шири модар, пӯсти сари бузголаю решаи чормағз, чашми шонасараку решаи гули савсан нақл карда истода буд, ки Замираю Кабир қаҳ-қаҳ зада хандиданд ва худаш ҳам тоб оварда натавониста хандид. Аммо Беҳрӯз хомӯш буд.

Холаи Салима ба бачаҳо бо ишораи даст «кордор нашавед» гуфту машғули тайёр кардани кадом як доруи дигар шуд. Акнун вай аз ҳар ҷо ҳаргуна гиёҳу буттаҳо ва меваи хушку тарро ёфта омада, дору тайёр мекард ва гоҳ бо таваллою зорӣ ва гоҳ бо зӯрию таадӣ ба писараш мехӯронд, то ки ба бемориаш даво гардад, аммо Беҳрӯз аксар вақтҳо якравӣ намуда, ба гапи модараш намедаромад.

Саҳарии рӯзи дигар бачаҳо азми кӯҳбароӣ карданд. Инро ҳар се - Ҳабибаю Кабир ва Замира маслиҳат карда буданд.
— Савсани кӯҳӣ давои беҳтарин будааст, — гуфт Замира ба модараш, — ҳар сеямон меравему чида меорем.
— Медонам, медонам, — гуфт холаи Салима, — лекин барои ин ба кӯҳи баланд баромадан шарт нест. Савсан дар теппаҳо ҳам мерӯяд. Кӯҳбароӣ кори шӯхӣ? Ҳар хел ҳодисаи нохуш рӯй доданаш мумкин.
— Не, вай нодуруст гуфт, — ба гап ҳамроҳ шуд Ҳабиба, — ба кӯҳ не, ба теппаҳои наздики деҳа меравем.
— Хайр, майлаш, — розӣ шуд холаи Салима, — лекин дур наравед, зуд баргардед, эҳтиёт шавед, кас хавотир мешавад.
Ҳама ба роҳ даромаданд. Беҳрӯз ҳам хост, ки ҳамроҳ равад, вале:

пешина
аз 77
навбатӣ