Панди бобо (Ғанӣ Ҷӯразода)

Китоб дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои тарбиявӣ ва панҷомӯзӣ мебошад, ки ба хонандагон оид ба арзишҳои ахлоқӣ ва ростию накӯкорӣ маслиҳат медиҳанд. Асар аз ҳаёти мардум ва воқеаҳои таърихӣ нақл мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 77 саҳифа
-
Найнавозиро аз кӣ ёд гирифтӣ! - пурсид Замира.
-
Аз бобом, - бо ифтихор ҷавоб дод Бӯрон. - Бобом чӯпони колхоз буд, ҳамин найро доим ҳамроҳаш ба чарогоҳ бурда менавохт.
-
Бобот ҳозир чӣ кор мекунад? - пурсид Кабир.
Бӯрон зуд ҷавоб надод, балки дуру дароз ғарки фикр шуда, тарҳи рӯяш тағйир ёфта, ғамгин гардид.
- Бобом порсол қазо кард, - гуфт ӯ бо дили озурда ва қариб буд, ки ашки чашмонаш барояд. - Одами хуб буд бобом. Маро дӯст медошт, ҳамроҳаш ба кӯҳу адирҳо мебурд. Ман ҳам ӯро бисёр дӯст медоштам. Ана ҳамин хел як одами нағз, ки ҳатто пашшаро озор намедод, се рӯз касал шуду ин дунёро тарк кард. Мурдани одами хуб ин қадар осон будааст. Рӯзи дафн одами бисёре омад. Ҳатто то сари кабр тобуташро рӯи даст бардошта рафтанд. «Инсони асил буд, Худо раҳмат кунад, ҷояш ҷаннат шавад» гуфтанд. Ӯро ҳама хурмат мекарданд. Охир вай чӯпони пешқадами колхоз, иштирокчии ҷанг, қаҳрамони меҳнат буд, медали ситораи тилло дошт. Ду бари кастумаш аз поён то боло аз ордену медал пур буд.
Саги калони сиёҳ, ки дуртар аз Бӯрон хобида буд, аз ҷояш хеста ба тарафи Замира омад. Замира тарсида гурехт.
- Натарс, намегазад, - гуфт Бӯрон, - то ман гап назанам, ба касе кордор намешавад. Ин саги доно, ҳама гапа мефаҳмад. Канӣ, Шер, ин ҷо биё!
Саг омада, ба паҳлӯяш нишаст.
-
Ин сага бобом калон кардагӣ. Боз як саги дигар дошт вай. Номаш Полвон буд. Баъди як моҳи вафоти бобом касал шуда мурд. Дилаш ба бобом сӯхта аккос мезаду уллос мекашид, гиря мекард.
-
Ин саги сиёҳ ғам нахӯрд? - пурсид Ҳабиба.
-
Шер ҳам ғам хӯрд, ҳатто касал шуд, хайрият ки намурд, зинда монд.
Бӯрон аз паи пода рафтанӣ шуда гуфт:
-
Агар гул чиданӣ бошед, поёнтар фуроед, он ҷо гул бисёр.
-
Ба мо гули савсан даркор, - гуфт Ҳабиба.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё