Зеҳн
Панди бобо (Ғанӣ Ҷӯразода)

Китоб дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои тарбиявӣ ва панҷомӯзӣ мебошад, ки ба хонандагон оид ба арзишҳои ахлоқӣ ва ростию накӯкорӣ маслиҳат медиҳанд. Асар аз ҳаёти мардум ва воқеаҳои таърихӣ нақл мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 77 саҳифа

ҚиссаТаърих
Аз аввал хондан

Гирифтори ин касалӣ фаромӯшхотир мешавад. Қобилияти қабули ҳофиза ва нигоҳ доштану ба ёд овардани хотирааш суст мегардад ё аз байн меравад. Нисён чандин хел мешавад ва сабаби пайдоимаш гуногун аст. Як сабаби он сахт лат хӯрдани сар ва захмин шудани майнаю системаи асаб мебошад. Бачаи шумо низ ҳамин хел захмин шудагӣ. Дар натиҷаи афтидану сахт ба санг задани сар майна осеб дида, хуну фасод ҷамъ шудааст, ки онро бо роҳи ҷарроҳӣ тоза карда, малҳам солидан лозим аст.

— Мо аз рӯи маслиҳату тавсияи табибони халқӣ доруи бисёр тайёр карда додем, лекин фоида накард, — гуфт амаки Абдураҳим.

— Табобат бо усули халқӣ на ҳамеша ва на ба ҳар бемор натиҷаи мусбат мебахшад. Тарзу усул ва низоми тайёр кардани доруҳо ҳар хел аст ва аз ӯҳдаи он ҳар кас баромада наметавонад. Танҳо бо роҳи ҷарроҳӣ аз ин беморӣ халос шудан мумкин. Агар ҳама дардҳоро табиби халқӣ шифо мебахшид, ҳоҷат ба духтур намемонд, касе ба беморхона намерафт. Ин қадар таҷҳизоти нодири гаронбаҳо лозим ҳам намешуд.

— Ҷарроҳии майнаи сар хатарнок нест? — пурсид хавотиромез амаки Абдураҳим.

— Албатта ҳар гуна ҷарроҳӣ кори душвору хатарнок аст, — гуфт оромона профессор, — лекин мо ин гуна касалиҳоро бисёр ҷарроҳӣ кардаем ва таҷрибаи кофӣ дорем, ки ин корро бомуваффақият анҷом диҳем.

— Барои ин кафолати пурра дода метавонед? — боз пурсид ӯ.

Профессор айнакашро гирифта хандид, сари бемӯяшро хорид ва худро ҷиддӣ нишон дод:

— То ҳол ягон ҷарроҳ сад фоиз кафолат надодааст, лекин наваду нӯҳ фоиз додан мумкин. Агар розӣ бошед, забонхат нависед.

Профессор ба пеши ӯ қоғазу қалам монд.

— Забонхат барои чӣ?

— Барои розӣгӣ. Қоида ҳамин хел. Бе ин духтур ҷарроҳӣ намекунад.

Амаки Абдураҳим ба фикр фурӯ рафт.

пешина
аз 77
навбатӣ