Зеҳн
Панди бобо (Ғанӣ Ҷӯразода)

Китоб дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои тарбиявӣ ва панҷомӯзӣ мебошад, ки ба хонандагон оид ба арзишҳои ахлоқӣ ва ростию накӯкорӣ маслиҳат медиҳанд. Асар аз ҳаёти мардум ва воқеаҳои таърихӣ нақл мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 77 саҳифа

ҚиссаТаърих
Аз аввал хондан

Ҳабиба қоғази навиштаашро бардошта барои маслиҳат назди Кабир омад.

— Хонда бин, маъқул мешавад ё не?

Кабир қоғазро бо диққат хонда:

— Ту балой, Ҳабиба, — гуфт бо мамнунӣ. — Ақле, ки ту дорӣ, дигар ҳеҷ кас надорад, офарин. Ҳамин фикр ба сари ман наомадааст.

— Агар ба ту маъқул бошад, — гуфт Ҳабиба, — ҳаминро ба варақи калони қоғаз навишта, ба назди идораи ҷамоа бурда, мисли эълон овехта мемонем. Ба он ҷо одамон бисёр меоянд, ҳама мехонанд.

Кабир як тахта қоғази сафед ва қаламҳои ранга оварда, ба болои миз паҳн намуд.

— Беҳтараш худат навис, — гуфт Ҳабиба, — ҳусни хати ту зебо. Ғайр аз ин рӯзномаи девориро ту мебарорӣ, таҷриба дорӣ.

— Номи варақаро чӣ монем? — пурсид Кабир.

— Эълон ё барқия?

— Барқия гӯем беҳтар, яъне ёрии таъҷилӣ.

Кабир варақаро навишта, барои часпондани он ширеш гирифт ва ҳар ду ҷониби идораи ҷамоа равон шуданд.

— Ҳабиба, аз ин кори мо Замира ва падару модараш хабар доранд ё не? — роҳравон пурсид Кабир.

— Не, хабар надоранд, — ҷавоб дод Ҳабиба, — агар ба Замира мегуфтем, вай ба падару модараш мегуфт ва он вақт бояд ҳамаи онҳо аз мо хафа шаванд.

— Мо дар ҳаққи онҳо ягон кори бад намекунем-ку.

— Ҳоло маълум нест, ки ин кори мо чӣ натиҷа медиҳад. Пешакӣ гап задан хуб нест.

Онҳо ба идораи ҷамоа расиданд. Хайрият дар гирду атроф одам бисёр набуд. Ҳар ду ба варақа ширеш молида, ба девори паҳлӯи даромадгоҳ тез часпонданд ва баргашта омаданӣ буданд, ки дари идора кушода шуда, раиси ҷамоа Толиб Акбаров берун баромад ва бо бачаҳо рӯ ба рӯ шуд. Ва чашмаш ба барқия афтида, дар ҳайрат монд.

Ҳабибаю Кабир гурехтан шуданд, аммо раиси ҷамоа

пешина
аз 77
навбатӣ