Зеҳн
Панди бобо (Ғанӣ Ҷӯразода)

Китоб дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои тарбиявӣ ва панҷомӯзӣ мебошад, ки ба хонандагон оид ба арзишҳои ахлоқӣ ва ростию накӯкорӣ маслиҳат медиҳанд. Асар аз ҳаёти мардум ва воқеаҳои таърихӣ нақл мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 77 саҳифа

ҚиссаТаърих
Аз аввал хондан

Ғорат шуда бошад ҳам, зану шавҳар чандон ғаму ғусса нахӯрданд.

– Садкаи сари бачамон, — худро тасаллӣ дод амаки Абдураҳим, — тинҷию амонӣ, сиҳатию саломатӣ бошад, моли дунё ёфт мешавад. Шукри Худо, ки Беҳрӯзҷонамон зинда монд.

Ва ӯ як пагоҳӣ рӯйхати додаи духтурро, ки дар он аз йоду докаю спирт сар карда то чандин хел марҳаму доруҳои хӯрданиву сӯзанзанӣ навишта шуда буд, гирифта ба шаҳр рафт, то ки онҳоро аз дорухонаҳо ёфта харида писарашро хабар гирад. Аз троллейбус фуромада ба дорухонаи калонтарини шаҳр, ки дар хиёбони Исмоили Сомонӣ ҷойгир буд, ворид шуд ва рӯйхати доруҳоро ба корманди он - духтараки зебои ҳилъати сафедпӯш дароз кард. Духтарак рӯйхатро аз назар гузаронда, нархи доруҳоро ҳисоб кард ва гуфт:

– Ҳафтоду як сомонӣ мешавад.

– Ҳафтоду як? – ҳайрон шуд амаки Абдураҳим.

– Ҳа, амак, ҳамин қадар мешавад. Азбаски доруи бисёр мегиред, ман бо нархи арзон ҳисоб кардам.

– Ман ин қадар пул надорам, духтарам. Бекор ҳастам, маош намегирам. Чархи рӯзгорро базӯр гардонда гаштаам. Ин қадар пулро аз куҷо меёбам.

Духтарак сабаби ҷароҳати бачаро пурсида маслиҳат дод:

– Амакҷон, агар шумо розӣ шавед, доруҳои аз ҳама заруриро медиҳам. Дигарашро бо сардухтур маслиҳат кунед. Баъзе духтурҳо инсоф надоранд, росту дурӯғ доруи бисёрро навишта медиҳанду хаёл намекунанд, ки мардуми бечора пулро аз куҷо ёбанд.

Амаки Абдураҳим бисту панҷ сомонӣ дода, доруҳоро гирифт ва ба духтарак изҳори миннатдорӣ намуда, ба бозор даромад. Нони гарм ва себу асал харида ҷониби беморхона равон шуд. Роҳ, ки то беморхона чандон дур набуд, хост пиёда равад. Вай роҳравон фикр мекард, ки аҷаб замонае шудааст, қадру қимати одамӣ намондааст, то пулат набошад, ягон корат пеш намеравад. Солҳои пеш ин хел набуд, инсон обрӯю эътибор дошт, одам одамро иззату ҳурмат мекард, ба сараш ягон душворӣ ояд, дигарон кӯмак ме-

пешина
аз 77
навбатӣ