Подшоҳ ва духтари оҳангар

Китоб маҷмӯаи афсонаву ривоятҳои халқии тоҷикӣ мебошад. Дар он ҳикояҳо оид ба қаҳрамонон, подшоҳон ва афсонаҳои тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 161 саҳифа
— Эй беваи лаънатӣ, нагуфта будӣ, ки шавҳар надорам.
— Даҳ сол пеш Тошканд рафта буд, хабари мурдааш омада буд, намурда будааст, ки омад.
— Роҳи гурезро нишон деҳ!
— Роҳи гурез нест, лекин хотирҷамъ бошед, як илоҷи халосӣ ҳаст. Ба сутуни айвон мебандаматон, агар ӯ дида пурсад, мегӯям, ки заминҷунбӣ шуда омадааст, медарояду хоб мекунад, мебароед, меравед.
— Ҳадаҳа кун!
Зан баққолро ба сутуни айвон басту рафту дарвозаро кушод. Шавҳараш даромад, ин сӯ-он сӯро нигоҳ карда, гуфт:
— Занак, ин сутуни айвон барои чӣ ин хел ғафсу гурмдор шудааст?
— Эй марди худо, — гуфт зан, — пас аз рафтани шумо заминҷунбӣ шуд, сутун шикаст, як ҳамсояи худоҷӯй чӯбе дод, тешае наёфтам, ки гурмҳояшро бурида партоям, амонатӣ зада мондам. Мани бемардина дигар чӣ кор ҳам карда метавонистам?! Пагоҳ мехезед, соз мекунед.
— Не! — гуфт шавҳараш. — Ин хел намешавад! Аз Тошканд ба ту куртаҳои ҳарир овардам, омадани маро шунида, меҳмонҳо меоянд, пешашон мепӯшӣ, барои чой меравӣ, барои нон меравӣ, бари куртаи тунук ба ин гурмҳо банд шуда медарад. Тешаро биёр, ин гурмҳоро тоза карда мо-

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё