Подшоҳ ва духтари оҳангар

Китоб маҷмӯаи афсонаву ривоятҳои халқии тоҷикӣ мебошад. Дар он ҳикояҳо оид ба қаҳрамонон, подшоҳон ва афсонаҳои тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 161 саҳифа
Умр ба ман хизмат кунӣ, туро намекушам, вагарна ҳозир мекушам». Дев, албатта, аз тарси ҷонаш ғуломи ту мешавад, баъд ҳар чӣ, ки хоҳӣ, кардан мегирӣ.
Гулсанам ба назди шофҳо рафта, гуфтаи мӯйсафедро кард. Як асп пайдо шуд, қамчин зад, чашмонашро пӯшида кушод, худро дар теппаи як кӯҳи баланд, дар назди се ҷавон дид, ки дар пеши ғор менишастанд, салому алек кард. Баъд гуфт:
– Ресмон ёфта, маро ба даруни ин ғор фароред, ман занҳоятонро мебарорам.
Ба таги ғор расида дид, ки занҳо дар як кат бо дасту пойҳои баста хобидаанд. Занҳо ӯро дида, гиря карда гуфтанд:
– Ту инсӣ ё ҷинсӣ, чи хел ба ин ҷо даромадӣ? Ин ҷо паша пар занад, пару болаш месӯзад, одам пай занад, пайкараш месӯзад. Агар одамӣ бошӣ, зуд гурез, ки нобуд мешавӣ.
Гулсанам гуфт:
– Ман на инсам, на ҷинсам, ман аз зоти одам ҳастам. Ғам нахӯред, ман шумоёнро озод мекунам.
Баъд рафта нигоҳ кард, ки дев мисли кӯҳ хобидааст. Зуд лабашро кашида, нигинро гирифт. Баргашта омада ресмонро ҷунбонд. Дарҳол ин се нафар ӯро кашида гирифтанд. Ду рӯз онҳо дар сари ғор девро нигарон шуданд ва саргузашта-

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё