Зеҳн
Подшоҳ ва духтари оҳангар

Китоб маҷмӯаи афсонаву ривоятҳои халқии тоҷикӣ мебошад. Дар он ҳикояҳо оид ба қаҳрамонон, подшоҳон ва афсонаҳои тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 161 саҳифа

ҚиссаАфсона
Аз аввал хондан

Ӯро мот кард.

Ҳасанак бошад, дутор навохту як байт хонд:
Мерасад ризқи одамӣ аз Ҳақ,
Ғами беҳуда мехӯрад аҳмақ.

Баъд ба меҳмонаш рӯ оварда гуфт:
— Гузаштагон ҳамин хел гуфтаанд, боз гуфтаанд, ки «ба умеди Худо нашаву буттаро дор».
— Ҳасанак қоҳ-қоҳ хандид, — аҷаб нодоне будааст, аз теппа ғелидааст, ду дасташро ба тарафи осмон карда, «Худоҷон, мадад кун!» мегуфтааст. Як одами баақл дида, «ба умеди Худо нашаву буттаро дор!» гуфтааст. Пешу пасаш пур аз буттаву вай ба ҷойи он, ки буттаро дошта худро нигоҳ дорад, ба умеди Худост.

Ҳасанак ҳамин гапҳоро гуфту баъд ба подшоҳ як савол дод:
— Меҳмони азиз, шумо аз ман бисёр чиз пурсибед, ман ҳам мехоҳам як чиз аз шумо пурсам. Дар ҳамин дунё хушбахтарин одам кист?

Подшоҳ фикр карда гуфт:
— Хушбахттарин одам ҳамон кас аст, ки ҳукмаш ба дигарон раво бошад.

Ҳасанак гуфт:
— Хушбахтиро ҳар кас ҳар хел мефаҳмад, ба хаёли ман хушбахттарин кас ҳамон одам аст, ки аз меҳнат наметарсад, аз заҳмат намегурезад. Ман ҳезум мефурӯшаму тасаввур мекунам, ки

пешина
аз 161
навбатӣ