Зеҳн
Подшоҳ ва духтари оҳангар

Китоб маҷмӯаи афсонаву ривоятҳои халқии тоҷикӣ мебошад. Дар он ҳикояҳо оид ба қаҳрамонон, подшоҳон ва афсонаҳои тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 161 саҳифа

ҚиссаАфсона
Аз аввал хондан

Мебаранд. Арӯсро никоҳ карда ба асп савор мекунанд. Тошӣ ҳам савора мешавад.

Аспи арӯс ва аспи янгаи ӯ якранг буд. Тошӣ дар роҳ нафаҳмида, ба аспи янгаи арӯс қамчин меандозад. Янгаи арӯс мегӯяд, ки:
Як қамчинам андохтӣ,
Ёри худта нашнохтӣ?

Арӯс мегӯяд:
Нозои гул бо гул равон,
Эй гул, харидорум манам.

Ҳамин тариқа арӯсро хушу хурсандона ба хонаи шоҳ оварданд. Лекин ин арӯсро вақти таваллуд шуданаш ба писари подшоҳи Фаранг фотиҳа карда буданд. Ин овозаи тӯйро шунида, писари подшоҳи Фаранг дар ғазаб шуд ва лашкар кашида, ба сари падари духтар омад. Ҷанг эълон кард. Ба Тошӣ хабари ҷанг расид.

Тошӣ ба занаш гуфт, ки:
— Биё, ҳамин мӯзаамро бикаш!

Занаш як пойи мӯзаро кашида буд, ки гурумбаси садои суми асп аз пушти хона шунида шуд. Занаш мӯзаи дуюмашро кашам гуфт, ки Тошӣ мӯзаро боз гардонда пӯшида баромаданӣ буд, ки занаш гуфт:
— Ту, нарав!

пешина
аз 161
навбатӣ