Подшоҳ ва духтари оҳангар

Китоб маҷмӯаи афсонаву ривоятҳои халқии тоҷикӣ мебошад. Дар он ҳикояҳо оид ба қаҳрамонон, подшоҳон ва афсонаҳои тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 161 саҳифа
Подшоҳ, ки ҳеҷ вақт аз ҳеҷ кас ин хел суханони талх нашунида буд, дар ғазаб шуда хитоб кард:
– Ту агар ҷонатро азиз донӣ, аввал ба саволи ман ҷавоб деҳ!
– Шумо дидаед, ки ду гунҷишк дар шохи дарахт, дар болои лона ҷанҷол сар карданд, – ҷавоб дод духтар. Яке мегӯяд, ки ин лона аз падари ман мерос мондааст, дигараш мегӯяд, ки ман зӯраму онро аз ту мегирам, ту ҳеҷ кор карда наметавонӣ. Барои фаҳмидани ин ақли зиёд даркор не!
Подшоҳ дигар ҳеҷ чиз нагуфта, духтарро ҷавоб дода, аз вазиронаш пурсид:
– Ин духтари бешарм ҳамаи моро муттаҳам кард, бо ӯ чӣ кор кунем?
– Ӯро ба занӣ гиред, зани шумо ки шуд, канизи шумо мешавад, чӣ ҷазое, ки хоҳед медиҳед, – гуфт вазири дасти рост.
– Ҷазояш ҳамин, ки ба болояш боз Маликаподшоҳро ба занӣ мегиреду духтари оҳангарро ба вай канизак карда мемонед, – гуфт вазири дасти чап.
Маликаподшоҳ бо ҳусни беҳамтою ақли расои худ дар тамоми олам шуҳрат ёфта буду талабгоронашро ҳадду ҳисоб набуд. Эълон карда буд, ки якчанд саволу якчанд шарт дорад, ҳар касе, ки ба саволҳояш ҷавоб гардонаду шарташро иҷро ку-

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё