Подшоҳ ва духтари оҳангар

Китоб маҷмӯаи афсонаву ривоятҳои халқии тоҷикӣ мебошад. Дар он ҳикояҳо оид ба қаҳрамонон, подшоҳон ва афсонаҳои тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 161 саҳифа
— гуфта хомӯшак, ғамгину гирён ба назди саг рафт, ки вай устухон хоида хоб буд.
– Саг-бобо, саг-бобо!
– Лаббай! — гуфт саг ва сулфида-сулфида ба таги дарвоза баромад.
– Гурбаи қаллоби гапнодароро як обӣ-нонӣ карда кӯбед. Вай маро дашном дод, — гуфт хомӯшак оби дидаашро қатор карда.
– Аз кору борам монда, гурбаи ҷанҷолиро сур карда гашта ман чӣ фоида мебинам? — гуфт саг.
– Ту саги якравро ба бало гирифтор накунам, намемонам! — гуфта хомӯшак ба сари кӯча баромада дид, ки бачаҳо чиликбозӣ карда истодаанд.
– Ҳа, хомӯшак, чӣ мегӯӣ? Гапатро тезтар гӯй, моро аз бозӣ намонон! — гуфтанд бачаҳо.
– Ҳӯ, ана саги гарданшахро занетон, ба гапи ман надаромад, — гуфт хомӯшак ба бачаҳо зорию тавалло карда.
– Рав, ба мо халал нарасон, вақт надорем, — гуфтанд бачаҳо, мо сагбоз не.
Хомӯшак аз кӯҳҳои баланди барфдор гузашта, ба як биёбони васеъ рафт, ки он ҷо шамол зиндагонӣ мекард.
Хомӯшак ба сари қирраи як санг нишаста:
– Шамол-бобо, ҳӯ шамол-бобо! — гуфта цеғ зад.
– Шимо кӣ? Марҳамат ба хонаи мо. Меҳмони азизи мо шавед, — гуфта фарёд баровард шамол.
– Шамол-бобо, ман хомӯшак, бачаҳо ба гапи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё