Подшоҳ ва духтари оҳангар

Китоб маҷмӯаи афсонаву ривоятҳои халқии тоҷикӣ мебошад. Дар он ҳикояҳо оид ба қаҳрамонон, подшоҳон ва афсонаҳои тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 161 саҳифа
Дари хонаро аз дарун маҳкам кард. Бобои тарсанда аз берун:
— Дод, тарсидам! Дод, талхакаф шудам! Дод, мурдам! — гуфта фарёд мезад.
Зан дарро накушода, аз дарун гуфт:
— Акнун рафта, обу авқот ёфта биё!
Бобои тарсанда «таваккал, ё мемурам, ё мезиям» гуфта, чалпакро хӯрд, аз ҳавлӣ баромада рафт. Рафт, рафт, монда шуда, дар як офтобрӯя шишт. Пашшаҳо аз чор тараф омада пахш карданд. Бобои тарсанда бетоқат шуда, як чанд пашшаро дошта кушту хурсанд шуда, худ ба худаш гуфт: «Кӣ ин қадар ҷондорро куштааст?» Асояшро гирифту ба рӯяш «Муллокушандаи ҳафтоду панҷ бало» навишт. Баъд далер шуда аз ҷояш хесту рафт, ки дар роҳ бо хар вохӯрд.
Бобои тарсанда «бало омад, нобуд шудам» гуфта, аз тарс чӣ кор карданашро надониста, аз думи хар сахт дошта гирифт. Хар тарсида гурехт, думаш канда шуда, дар дасти бобои тарсанда монд, вай думи харро ба бағалаш андохту ба роҳаш рафт-рафту дар як ҷо қурбоққаро дида монд. «Балои рӯи замин ҳамин будагист, ман дигар аз ҳеҷ бало наметарсам» гуфта, қурбоққаро гирифта ба бағалаш андохт.
Бобои тарсанда рафт-рафту дар сари даште оҳани ҷуфтро диду «ягон рӯз даркор мешудагист» гуфта, гирифта ба бағалаш андохту рафт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё